Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лахти дили зори ман дар оташ
Пухтаст чунон, ки ҳамчу нон аст.
Оҳ, оташи мо занад забона,
Оҳ, оташи лола безабон аст.
Хуншор дилам зи дастат, эй вой,
Ду дида ҳамеша хунфишон аст.
Оҳ, очаи ту дурӯғи бад гуфт:
Ин духтари ман чӣ меҳрубон аст.
Дидем, ки меҳрубони очаш
Моро, ба Худо, балои ҷон аст.

Чашми тари ту чӣ хел хушрӯст

Чашми тари ту чӣ хел хушрӯст, –
Ду гавҳари ту чӣ хел хушрӯст!
Танҳо ба ту мезанам хушомад:
Саг бар дари ту чӣ хел хушрӯст.
Байте, ки барои ту навиштам
Дар дафтари ту, чӣ хел хушрӯст!
Мӯи сари мо бирехт яксар,
Мӯи сари ту чӣ хел хушрӯст!
Хуш меравие ту кушта моро,
Пову пари ту чӣ хел хушрӯст!
Боғи бағалат баланду болост,
Пеши бари ту чӣ хел хушрӯст!
Дар пеши бари ту чанбари гул,
Гулчанбари ту чӣ хел хушрӯст!
Дар ин бару он бари ту ҷонам,
Ҳар ду бари ту чӣ хел хушрӯст!
Пай кардааме танат ба дандон,
Ҳо, пайкари ту чӣ хел хушрӯст!
Бобом ба модари ту мегуфт:
Ҳо, духтари ту чӣ хел хушрӯст!
Ту нусхаи модари худ астӣ,
Ҳо, модари ту чӣ хел хушрӯст!

пешина
аз 162
навбатӣ