Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Борик чу мӯи ту сухан ку?
Мурдем дар он миёни борик.
Моро ту намон шавем фарбӣ,
Монем чунин ҷавони борик.
Ин баччаи шӯхро ту куштӣ
Бо химчаи хунчакони борик!

Шоме, ки туро ба бар гирифтем

Шоме, ки туро ба бар гирифтем,
Дудаста аз он камар гирифтем.
Аз ду пара баргирифта нағзат,
Якбора ба зери пар гирифтем.
Эй, дар сари пар гирифта бӯса,
Дар ду пара болу пар гирифтем.
Ту як бари рӯ ба мо бидодӣ,
Мо бӯса хуш аз ду бар гирифтем.
Аз чашми баноз май кашидем,
Аз ҳар ду лабат шакар гирифтем.
Мо даст ба пои ту бибурдем,
Мо дасти туро ба сар гирифтем.
Бо зӯр агар ҷаҳон гирифтанд,
Мо бо зари як назар гирифтем.
Мардум ба фиреб сайд гиранд,
Мо сайд ба сад ҳунар гирифтем.
Аз синаи нозанин ба мастӣ
Як бӯса гирифта дар гирифтем.
Як бӯсаи тар бисӯхт моро,
Сад об задӣ, ки дар гирифтем!

Рухсораи ту алови нон аст

Рухсораи ту алови нон аст,
Дар синаи мо алови ҷон аст.
Мо синаи лолазор дидем,
Ҳаргиз на чунину не чунон аст.

пешина
аз 162
навбатӣ