Дарахти Ватан

Ё бо сари дигарон равӣ ту,
Ё бо сари худ, куҷо равонӣ?
Дар чаҳ бизанӣ, дигар нахезӣ,
Ҳе, чашм кушо, куҷо равонӣ?
Ту куштаниӣ магар ки моро?
Як бор нигар, куҷо равонӣ?
Ҳар гуфтание, ки буд, гуфтем,
Нобуд, дигар куҷо равонӣ.
Ту Каъба нарав, чӣ меравие?!
Ту Каъба нарав, чӣ меравие?!
Аз Каъбаравӣ чӣ мешавие?!
Ту пир шудӣ ба рӯсиёҳӣ,
Одам нашудӣ, намешавие!
Бо Каъбаравӣ намешавӣ пок,
Сад бор агар ки меравие!
Ин ҷо ҳамаро ҳаром кардӣ,
Нопок, ҳарам чӣ меравие?!
Покат накунад ҳазор дарё,
Нопок ба хок меравие.
Ҳай дар таги хоки тар бипӯсӣ,
Ту пок дигар намешавие.
Озор ҳазор дил кашидаст
Аз дасти ту, эй, чӣ меравие?!
Олуда ба хуни мост дастат,
Хунхӯрда чӣ маст медавие?
Оташ зада хонумони моро,
Эй, Каъба дигар чӣ меравие?!
Сад вою дареғ, дар шикастем
Сад вою дареғ, дар шикастем,
Як ҷои шикастаро набастем.
Мо мардуми бенаво набудем,
Аз дасти кӣ бенаво шудастем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё