Дарахти Ватан

Эй дӯст, мапурс ҳоли моро
Эй дӯст, мапурс ҳоли моро,
Бишкаста нигар ду боли моро.
Мо пир шудем аз ғаму дард,
Пурсӣ ту чӣ моҳу соли моро?
Осон бикун, эй Худои ширин,
Як бор яке муҳоли моро.
Эй вой, ҳамин сагони дайду
Доранд магар ки ҳоли моро?
Дар косаи тар мазан ту дастат
Дар косаи тар мазан ту дастат,
Дар косаи сар бизан ду дастат.
Ё косаи сар шикан, шикан ту,
Ё худ бишикан чу ман ту дастат.
Зан бар сари санги хеш дасте,
Дар санги сарат шикан ту дастат.
Охир бихӯрӣ ҳазор афсӯс,
Бар сар бизанӣ чу ман ду дастат.
Ту аз сари худ агар битарсӣ,
Бар ин сари ман бизан ту дастат.
Фарёд назан, каранд инҳо,
Эй бар сари кар бизан ту дастат.
Ту бар сари он, ки бар сарат хест,
Эй, дар сари пар бизан ду дастат.
Дар косаи тар мазан ту дастат,
Дар косаи зар бизан ту дастат!
Ту роҳ нарӯб, мешавӣ ҳайф
Ту роҳ нарӯб, мешавӣ ҳайф,
Ин аст на хуб, мешавӣ ҳайф.
Афсӯс, замона ганда гаштаст,
Эй духтари хуб, мешавӣ ҳайф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё