Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Печида ба пош банд буде,
Бикшода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!
Дар пои баланди нозанинаш
Ҷон дода, задем, ҷӯра, ту чӣ?!

Шабнам шуда маст, месарояд

Шабнам шуда маст, месарояд,
Ҳай маст шудаст, месарояд.
Девона шудаст ними мардум,
Вай маст шудаст, месарояд.
Бардоштааст ними дигар
Сармаст ду даст, месарояд.
Бисёри бад аст маст имшаб,
Ҳе, масти бад аст, месарояд.
Сад коса зи мастияш гирифтем,
Ҳо, дасти ба даст, месарояд.
Ҳе, косаяки дили маро ӯ
Мастона шикаст, месарояд.
Дар пеши ваянд ошиқонаш
Ҷон дар сари даст, месарояд.
Чун кавгаки масти дастпарвар
Чун дар сари даст месарояд.
Чун кавгаки ҷони чӯҷапарвар
Чун дар бағал аст, месарояд.
Кавги сари чашмаро кӣ дидаст?
Ин аст, ки маст месарояд.
Ин кавг чи нағз мехиромад,
Кас пош набаст, месарояд.
Ӯ дона нахӯрдааст, эй дӯст,
Бедона задаст, месарояд.
Мехӯрд яке ҳазор савганд:
Кавги чаман аст, месарояд!
Девона шудӣ ту, гуфт масте,
Ин кавги ман аст, месарояд!
Ҷон маст шуду ба гӯши дил гуфт:
Ин кавги ман аст, месарояд!

пешина
аз 162
навбатӣ