Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дарахтонро, ки кал карданд аксар,
Биё мо барканем аз реша яксар.
Бараҳна сарзамини хеш созем,
Замини нозанини хеш созем.

Гадоёнро биё аз дар биронем,
Агар ҳастанд мушти пар, биронем.
Биронем аз дару номе барорем,
Чу шохе бар сари боме барорем.

Агар курсӣ, агар минбар надорӣ,
Агар хешӣ ба як занғар надорӣ,
Азизам, дар Ватан хорӣ, ту хорӣ,
Ту хорӣ, мисли ман хорӣ, ту хорӣ.

Ту донӣ, тоҷики бебок моем,
Ба якдигаркушӣ чолок моем.
Баровардем аз хотир Худоро,
Худовандо, намебахшӣ ту моро.

Гирифтандо алови чашми моро,
Бароварданд ови чашми моро.
Дар он оташ, Худои ҷон, бисӯзанд,
Чу мо бо дидаи гирён бисӯзанд.

пешина
аз 162