Дарахти Ватан

Басе дар хонаи мардум нишастем,
Басе бар шонаи мардум нишастем.
Бубин, дар хонаи мардум чӣ мастем,
Бубин, бар шонаи мардум чӣ пастем.
Агар як ними мо тарёкзан шуд,
Дареғо, ними дигар хокзан шуд.
Дареғи хоки поки ин Ватан гӯ,
Мабодо тӯдаҳои хокзан гӯ.
Биё, дасти вазиронро бибӯсем,
Ки мо олӯсакони чоплӯсем.
Биё, бар кафшҳошон рӯ бимолем,
Ба ҳарфи пучашон ҳу-ҳу биболем.
Раисонро, биё, бар сар нишонем,
Биё, дар пеши пошон сар фишонем.
Биё, дасти раисонро бигирем,
Раисонро ба пеши по бимирем.
Биё, аз ошноён рӯ битобем,
Бимон, дар дидаҳо берӯ битобем.
Бимон, моро дигар берӯ шиносанд,
Бимон, аз Куба ё Перу шиносанд.
Биё, созем лой ин обҳоро,
Ки бинӣ хоб ширин обҳоро.
Нишинем он гаҳу моҳӣ бигирем,
Ба ҳар тарзе ки мехоҳӣ, бигирем.
Дар ин оташ биё равған бирезем,
Аланга гирад ону мо гурезем.
Ба кӯдакҳо камонро дод бояд,
Ки ҷони сахти мардум бар лаб ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё