Дарахти Ватан

Дар дидаи абр нам-нами борон аст,
Дар синаи абр ғам, ғами борон аст.
Дар дида маро ҳавои борони ғам аст,
Дар сина маро навои борони ғам аст.
Дар синаи ман дарду ғами бисёр аст,
Озори дили ҳазор беозор аст.
Шаҳрест, ки бар дасти дилозорон аст,
Ин гиряи зорам аз ғами ёрон аст.
Солест, ки бо ту нанишастам, эй дӯст,
Як сол шудаст дар шикастам, эй дӯст.
Эй дӯст, биё, биё, ки бемори ғамам,
Сар дар таҳи ин сояи девори ғамам.
Чашмам пури об аст, азизон рафтанд,
Аз хонаи гарми худ гурезон рафтанд.
Хуни ҷигар, оби дида резон рафтанд,
Тире ба дилу ба дор авезон рафтанд.
Аз сӯзу гудоз ин сухан борик аст,
Шабҳои дарози ин Ватан торик аст.
Шабҳои дарози бечароғи Ватанам,
Сӯзад ба дилам сиёҳ доғи Ватанам.
Дар ғамкадаи Ватан сияҳрӯз шудем,
Аз дарду ғами Ватан сияҳсӯз шудем.
Чун теғи забони мо сияҳтез шудаст,
Байту ғазали мо ҳама хунрез шудаст.
Саргаштаву гарданкаҷу овора шудем,
Бекор басе гаштаву бекора шудем.
Бозичаи дасти дигаронем чаро,
Дасти дигаронро нигаронем чаро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё