Дарахти Ватан

Хушрӯ чи ранг сина,
Хушрӯ ду ранг сина.
Худро кушӣ, набинӣ
Хушрӯ ду ранг сина.
Якранг ҳар ду сина,
Як ранг дар ду сина.
Якрангию дурангӣ
Дар тангию тарангӣ.
Часпида остинаш
Дар дасти нозанинаш.
Дар пои нозанинаш
Часпида поча, бинаш!
Бинмой рост хушрӯ
Часпида остинаш –
Бо дасти чап ваяш рост,
Бо дасти рост инаш!
Бин чакраҳои борон!
Ин чакраҳои борон
Алмоспораҳоянд,
Мисли ситораҳоянд.
Бин чилчаҳои борон,
Бисёр нозанинанд!
Аз ашки нозанинон
Сад бор нозанинанд!
Ҳай тар шудаст хушрӯ,
Кай тар шудаст хушрӯ?!
Мо тар шудем ганда,
Вай тар шудаст хушрӯ!
Хушрӯ агар намешуд,
Хушрӯй тар намешуд.
Борад ҳазор борон,
Хушрӯйтар намешуд.
Борад ҳазор борон,
Борад ҳазорборон,
Хушрӯйтар наёбӣ
Аз вай, ҳазор кобӣ!
Хушрӯ нигар ту боре,
Хушрӯй зарнигоре!
Сад биние, набинӣ
Хушрӯ дигар нигоре!
Хушрӯй тар нигоре,
Хушрӯй тарнигоре!
Аз вай набиние, вой
Хушрӯйтар нигоре!
Пероҳани базебаш
Зеби тани базебаш.
Пероҳанаш чӣ нозук,
Оҳо, танаш чӣ нозук.
Нозук чӣ ноз дорад,
Ҳай нози соз дорад.
Нози хунук дигарҳо,
Вай дилнавоз дорад.
Дорад чӣ нозу бозор,
Нозаш надорад озор
Монанди шеъри Сайёд,
Монанди шеъри Бозор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё