Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мувофиқи шартномаи сулҳи амир Музаффар аз таърихи 23 июли 1868 ва Муҳаммад Раҳимбии 11 аз таърихи 12 августи соли 1873 бо генерал-губернатори Туркистон К.П.Кауфман тарафҳо аҳд карданд, ки «дар муддати 12 сол ғулому каниз ва чӯриҳои дар дасти хӯҷаинонашон бударо тамоман озод намоянд»(55, 120).
Устод Табаров фасли дувуми қисмати панҷуми тадқиқоташро «Вариант ва таҳрири «Ғуломон» ном ниҳода, дар он ҷараёни таҳаввул ва такомули асарро дар се нусха – ҳикояи «Қулбобо ё ки икки озод» (1928), романи «Қуллар»
(1934) ва романи «Ғуломон»(1935) ба мушоҳида мегирад ва аз се ҷузъи чопии ҳикоя аввал ба бисту панҷ («Қуллар») ва баъд ба сию нуҳ ҷузъи чопӣ («Ғуломон») расидани асар муносибати нависандаро ба тасвири воқеаҳои таърихӣ муайян менамояд. Дар нусхаи тоҷикӣ лаҳза, лавҳа ва ҳатто эпизодҳое мавҷуданд, ки онҳо дар «Қуллар» тамоман ба кор бурда нашудаанд ва мавҷуд нестанд. Аз ин ҷиҳат, дар таҳрири тоҷикии асар дохил намудани лаҳзаи «Моҷарои канизак Ҷаҳоноро», ки ба тавассути дастрас намудани ривоятмаҳзари хариду фурӯши як канизак ба вуқӯъ пайвастааст, ҷолиби диққат аст: «Ман ин ҳуҷҷати муҳимро оид ба фурӯши ғуломон баъди он ки варианти ӯзбекии «Ғуломон» - ро ба охир расонда, онро ба нашриёти Ӯзбекистон супоридам, дастрас кардам», –қайд кардааст устод Айнӣ. Нависанда ин ривоят-маҳзарро, ки дар он Эшони аълам ва се муфтии дигар муҳри худро пахш кардаанд, дар таҳрири тоҷикии «Ғуломон» дар шакли бадеӣ дохил менамояд. Лаҳзаи «Моҷарои канизак Ҷаҳоноро» дар байни боби X11 қисми якуми роман омада, ба такмили мундариҷавии ин боб ва, умуман, ба мазмуни ғоявии асар таъсири амиқ расондааст.
Хонанда маҳз дар ҳамин порча ба тавассути тасвири комили бадеӣ ба дараҷаи нестӣ расидани ҳуқуқи инсони меҳнатиро дарк карда, ба моҳияти ғуломтозию ғуломфурӯшӣ мароқи бештаре зоҳир менамояд. Соҳибназар, ки канизаки харидаашро соҳиби аввалааш пас намегирад, мегӯяд: «Агар касе асперо аз касе бихарад ва он асп шабкӯр бошад, ё бадном барорад, ҳақ дорад, ки аспро ба соҳибаш гардонда диҳад ва пули худашро гирад.

пешина
аз 148
навбатӣ