Муҳаққиқи соҳибмактаб

Вале муҳтавои риола аз як муҳаққиқи комилу варзида шаҳодат медиҳад. Хонанда аз муқаддима, қисматҳои асосӣ ва хулосаи рисола оид ба моҳияти таърихии насри С. Айнӣ, махсусан ҷанбаи воқеии романи «Ғуломон» маълумоти амиқ гирифта, айни ҳол ба тарзу усули истифодаи асноду далелҳои таърихӣ дар асарҳои бадеии нависанда шинос мешавад. Мувофиқи тадқиқот, ҳеҷ нависандаи тоҷик дар асарҳояш воқеаҳои таърихиро ба мисли устод Айнӣ чунин моҳирона ва ба таври васеъ истифода накардааст.
Дар «Ҷаллодони Бухоро», «Одина» ва «Дохунда» барин асарҳои пеш аз «Ғуломон» ба вуҷуд омада низ тасвири воқеаву ҳодисаҳои таърихӣ беш аз пеш такмил ёфтаанд. «Ин гуна сол то сол аз «Одина» сар карда то «Ғуломон» васеъ интихоб кардани ҳодисаҳои воқеиву ҳаётӣ ва таърихӣ ва махсусан равшан инъикос намудани образи қаҳрамони асосии ҳар яке аз ин асарҳо аз тараққӣ кардани маҳорату истеъдод, дарку фаҳмиш ва инкишофу пешравии чи маҳорат ва чи ҷаҳонбинии бадеии нависанда шаҳодат медиҳанд»(55,104). Дар фаслҳои Y ва Y1 рисола романи «Ғуломон» дар партави воқеаҳои таърихӣ таҳлилу тадқиқ гардида, моҳияти асар чун романи таърихӣ ба таври возеҳ ошкор мешавад. Дар роман ҷараёни зиндагӣ ва муносибатҳои иҷтимоии халқи тоҷик дар зарфи зиёда аз 100 сол (аз солҳои 1824-45 то соли 1933) ба тасвир омадааст. Устод Табаров бошад, барои боз ҳам амиқтар намудани асосҳои мавзӯӣ ва мундариҷавии роман муносибатҳои ғуломдорӣ ва канизфурӯширо дар Осиёи Миёна аз асри ХУ1 сар карда тадқиқ менамояд ва таъкид мекунад,ки дар натиҷаи табаддулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хоҷагии дар ин аҳд миёни Эрону Мовароуннаҳр ба амал омада муносибатҳои ғуломдорӣ шакли сиёсӣ ва мазҳабӣ гирифт.
Ин ҳодисаҳои нангину фоҷиавӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Бухорои амирӣ, то соли 1880 давом кард: «Ин беадолатиҳои таърихиро, – қайд кардааст устод Табаров, – муоҳидаҳои сулҳи байни Русия ва аморати Бухоро ва Русияву хонигарии Хева ислоҳ менамояд»(55, 120).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё