Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин канизакро ҳам, ки як моли 52-тилоӣ аст, иллате пайдо шудааст, бояд шумоён бозпас гирифта пули маро диҳед» (3, 84).
Қисмати шашуми асар, ки «Мундариҷаи романи «Ғуломон» ва тасвири ҳаёти халқи тоҷик дар он» ном дорад, хусусияти таърихии романи «Гуломон»-ро басо мувофиқ ҷамъбаст менамояд. Устод Табаров ҳар як лавҳаву лаҳзаи мундариҷа, хатти сужет ва амалиёту муносибати образҳои романро ба сарчашмаҳо ва далелҳои таърихӣ қиёс намуда, асосҳои воқеии асарро муайян менамояд. Махсусан хариду фурӯши ғуломону канизон дар корвонсарои «Поиостона»-и Бухоро ба қонуниятҳои таърихии адабиву бадеӣ пурра мувофиқат мекунанд. Вақте ки ғуломҷаллоби хевагӣ Муҳаммад Каримбой як ғуломбачаи 16-сола ва як канизаки 14-соларо ба амир Ҳайдар пешкаш намуда, ба фурӯхтани ғуломону канизакон иҷозат мегирад, ба корвонсарои «Поиостона» аз гирду атрофи Бухоро харидорони зиёде ҷамъ меоянд ва бозори ғуломфурӯшӣ чунон гарм мешавад, ки «дар аввали бозор ду ғулом, ки дар вақтҳои одӣ ба 60 тило мерафтанд, ҳар кадом ба 120 тило фурӯш ёфтанд». Аз ин рӯ, Абдураҳимбой барин ғуломҷаллобон дар фикри паст кардани нархи ғуломону канизон меафтанд ва овоза мекунанд, ки бештари ин ғулом ва канизон суннӣ буда, дар мазҳаби Имоми Аъзаманд ва аз хоки Афғонистонанд.» Дар ҳақиқат, аксари ғуломон ва канизакони ба фурӯш монда, аз ҷумла Раҳимдоди ҳафтсола, аз ҷиҳати мазҳабу эътиқод суннӣ буданд ва шариати ислом ба сифати ғулом ва канизу чӯрӣ фурӯхтани онҳоро манъ карда буд. Аз тарафи дигар, табааи Афғонистонро, ки шоҳи он ба аморати Бухоро муносибати неки дипломатӣ дошт, дар бозорҳои ғуломфурӯшии Бухоро ба сифати ғулом ё каниз фурӯхтан мумкин набуд. Бинобар ин, ғуломтозон ва ғуломфурӯшон асирони суннии Афғонистонро маҷбур мекарданд, ки ба гӯиши эронӣ чанд калимаи заруриро аз бар намуда, худро мутааллиқи мазҳаби шиа шуморанд. «Ҳамин тавр,– омадааст дар роман,– ба воситаи дӯғу пӯписа, задану ҷазо додан, истинтоқ кардан ва танбеҳҳои сахт асирони ҳиротӣ дар муддати як ҳафта –даҳ рӯз тамом як эронӣ барин набошад ҳам, 15-20 калимаро, ки дар аввали гуфтушунид даркор мешаванд, бо лаҳҷаи Эрон гап зада метавонистагӣ шуданд.

пешина
аз 148
навбатӣ