Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва таҳиягар, то ки хонандаи мутахассис раванди таҳрири нависандаро баръало мушоҳида намояд, шакли аввалро низ дар қавсайн қайд менамояд: «Аз мардум намеранҷад, ба зердастон шафақат ва меҳрубонӣ намуда, дуруштӣ (дар чопи 1910 хушунат– С.Т.) ва бадмуомилагӣ ҳаргиз намекунад»(15).
Забони «Таҳзиб-ус-сибён» сода ва равон буда, ба завқу фаҳми хонандагони синни хурди мактабӣ комилан мусоидат дорад. Ин аст, ки дар охири асар ба овардани қисмати «Эзоҳот» ё «Луғот» зарурат намондааст. Баъзе калимаву таркибҳо ва мафҳумҳои эзоҳталаб бошанд, дар поварақ шарҳ ёфтаанд: 1. Моеу тин – обу хок – С.Т. Умуман, матни саҳеҳи осори С.Айнӣ ба аҳамияти калон молик буда, барои чопҳои минбаъдаи илмӣ ва илмӣ-оммавии асари мазкур чун заминаи боэътимод қимат дорад.
Фаъолияти матншиносии С.Табаров танҳо бо таҳия ва чопи осори адибон маҳдуд намешавад. Дар мақолаҳои алоҳидаи муҳаққиқ, аз ҷумла дар «Матни аслии «Суруди озодӣ» кадом аст?», «Ислоҳи як ғалат», «Таърихи эҷоди «Парии Бахт», «Таърихи эҷоди «Мӯр ва офтоб», як қатор муаммоҳои нақди матн, чун иродаи эҷодии нависанда, истифодаи тавзеҳоту ташреҳот, мавриди тадқиқи ҷиддӣ қарор гирифтаанд. То мақолаи С.Табаров «Матни аслии «Суруди озодӣ» кадом аст?»
чи дар китобҳои дарсӣ ва чи дар асарҳои илмӣ нусхаҳои гуногуни ин шеър истифода гардида, он гоҳо «Суруди озодӣ» ва гоҳо «Марши ҳуррият» ном бурда мешуд. Дар ҷилди 8-уми Куллиёти 15-ҷилдаи Айнӣ нусхаҳои аввал ва охири «Суруди озодӣ» дар қисмати тавзеҳот пурра дарҷ гардида, нусхаи дувуми он он ба сифати матни асосӣ қабул шудааст, зеро, ба гуфти мураттибон «дар таҳрири дувум муаллиф иттиҳоди ранҷбару деҳқонро, ки асоси Ҳокимияти Советӣ мебошад, дар навбати аввал гузаштааст»(3, 493).

Интиқом, интиқом, эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон, эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод,
Ранҷбар, барзгар бо тифоқ!

пешина
аз 148
навбатӣ