Муҳаққиқи соҳибмактаб

Вале устод Табаров исбот кардааст, ки матни асосии «Суруди озодӣ» матне мебошад, ки дар он иродаи охири шоир акс ёфтааст:
Интиқом, интиқом, эй рафиқон!
Эй ҷафодидагон, эй шафиқон!
Баъд аз ин дар ҷаҳон ҳукмрон бод,
Пролетар, пролетар, пролетар!
«Ба сабаби он ки, - изҳор доштааст С.Табаров, - устод Айнӣ бори охирин дар соли 1935 «Марши ҳуррият»-ро таҳрир карда, номи онро «Суруди озодӣ» гузоштааст ва дар баъзе бандҳо ва ҳатто дар банди васила, ки онро худи муаллиф нақарот номидааст, тағйирот даровардааст..., ба хонандагони муосир ва оянда бидуни иродаи охирини устод Айнӣ аз нав пешниҳод кардани чи матн ва чи номи собиқаи он хилофи талаботи илми матншиносӣ мебошад»(47). Соли 1978 нашриёти «Ирфон» ба муносибати 100-солагии устод Айнӣ «Суруди озодӣ»-ро ба сифати китоби алоҳида ба 15 забони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нашр намуд, ки матни тоҷикии он мувофиқи пешниҳоди С. Табаров дар асоси иродаи охирини нависанда чоп гардидааст.
Фаъолияти матншиносии устод Табаровро мулоҳизаҳои муҳаққиқ оид ба санагузории матн боз ҳам тақвият медиҳад.
Санагузории матн, ба қавли адабиётшинос, бояд хеле аниқ, дақиқ ва муътамад бошад, зеро дар он таърих ва шароити эҷоди асар инъикос меёбад. Нодуруст нишон додани он хонандаро ба ғалат андохта, боиси баҳои беасоси танқиди адабӣ ба эҷодиёти адиб мегардад. Устод Табаров дар мақолаи «Таърихи адабиёти тоҷики асри бистумро бояд ба вуҷуд овард» чанд санаи хаторо оварда, аз ҷумла, менависад:
«Раҳимӣ ғазали «Тиллокамарон»-ро дар охири солҳои сиюм эҷод намуда бошад ҳам, дар маҷмӯаи ӯ - «Шеърҳои интихоб кардашуда» (Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1940) дар зери он «соли 1919» навишта шудааст»(65, 135).
Табиист, ки дар адабиёти илмиву китобҳои дарсӣ барои мактаби миёна низ ба «Тиллокамарон» чун ба аввалин шеъри М.Раҳимӣ баҳо дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё