Муҳаққиқи соҳибмактаб

Вале, мувофиқи тадқиқоти С.Табаров, дар матни илмии «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» низ баъзе хатоҳои хурду калон роҳ ёфтаанд. Аз ин рӯ, муқарриз дар адабиёти давраи нави тоҷик масъалаи ба вуҷуд овардани нусхаи факсимил ё аккосиро ба миён мегузорад, то хонандаи мутахассис ба матни тамоман беолоиш, ки дастхати муаллифро иваз карда тавонад, сару кор дошта бошад. «Аммо дар оянда матни аккосӣ, факсимиле ва ё матни аслии чунин асарҳоро ба чоп ҳозир кардан беҳтар мебуд, то дар ҳангоми нусхабардорӣ ва покнавис кардани чунин асарҳо саҳву хатоҳои хурду калон ва гоҳо дағал ба вуқуь наоянд. Барои ба ин мақсад ноил гардидан малакаи хеле калони илмӣ, махсусан илми матншиносӣ доштан лозим аст» (46, 147).
Мутаассифона, ҳоло ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сабаби қобили истифода набудани бойгониҳои адибон имконияти ба вуҷуд овардани матнҳои илмии осори нависандагони садаи бистум фароҳам наомадааст. Мутахассисон маҷбуранд, ки асарҳои нависандагонро танҳо аз рӯи матнҳои чопӣ таҳия намоянд. Аз ин ҷиҳат, матни саҳеҳи китоби «Таҳзиб-ус-сибён» ном китоби С.Айнӣ, ки дар таҳияи С. Табаров (Душанбе: Маориф, 1994.-46с.) ба табъ расидааст, ҷолиби диққат аст. Дар пешгуфтори таҳиягар таърихи китобат ва чопҳои пешини асар бо тамоми амиқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Маълум мешавад, ки «Таҳзиб-уссибён» бо қарори ширкати «Бухорои шариф» чун китоби қироат барои нахустин мактабҳои ҷадидияи Бухоро таълиф гардида, дар зарфи ҳафт сол ду маротиба рӯи чопро дидааст.
Асар дар Самарқанд бори аввал июли соли 1910 дар матбааи «Новое дело» бо теъдоди 2000 нусха ва бори дувум моҳи декабри соли 1917 дар матбааи Газаров ба табъ расидааст. Чопи дувум аз тарафи нависанда ҷиддан таҳриру тағйир ёфтааст. Ба гуфти устод Табаров, «дар қисми дувуми асар, ки дар чопи аввал нест, дар бораи оилаи Муҳаммадюсуф сухан меравад, инчунин ҳикояҳои пандуахлоқӣ, мукотибаи оилаи Муҳаммадюсуфро дар бар мегирад.
Нависанда ҳангоми ба чопи дувум тайёр намудани «Таҳзиб-ус-сибён» баъзе калимаву таркибҳои бемавқеъро ба муродифҳои мақбулашон иваз менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё