Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Дар порчаи боло, - қайд кардааст С. Табаров,- сухан дар бораи маҳалчаи атрофи назди Ленинград - Любан меравад, ки он аз Ленинград якчанд километр дуртар воқеъ аст. Аз як худи ҳамин мисоли одӣ маълум мегардад, ки фарқ карда натавонистани маҳалчаи Любан аз шаҳри калони Люблин ба чӣ гуна саҳви ҷуғрофӣ, таърихӣ ва амсоли инҳо меовардааст»(46, 144). Дар ҳақиқат, қисмати муҳимми матни илмии устод Айниро ташреҳот ва тавзеҳот ташкил медиҳанд, ки онҳо аз матншиносон меҳнати зиёд, дониши амиқ ва таҷрибаи бои таҳиягариро тақозо доранд.
Масъалаи дигари ҷиддиеро, ки С.Табаров оид ба матни илмии осори С.Айнӣ мавриди баррасӣ қарор додааст, ин муайян кардани принсипҳои сабт ва ҳамоҳангсозии калимаҳо ва вожаҳои хориҷӣ мебошад, ки дар асарҳои нависанда онҳо ду-се тарзи навишт дошта, баъзан, ба ҳадди фаҳмиданашаванда аз асл дур гаштаанд: Петруғрад- Петербурғ- Петроград; дошнокиюн-дашнакиюн-дашнакиён; Қолчоқ-Колчок-Колчак; Дутуф; Лӯндун; ҷанубии Исловиё...
Ҳамин тариқ, ҳанӯз солҳои 70-уми садаи XX С. Табаров роҳҳои ба вуҷуд овардани матни илмии осори пурбаракати С.Айниро дар асоси талаботи илми матншиносӣ муайян мекунад. Аммо то ҳол дар бораи ба вуҷуд овардани Куллиёти илмии аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон қароре қабул нашудааст.
Зиёда аз ин, Куллиёти 15- ҷилдаи устод Айнӣ, ки аз чопи ҷилди аввали он 45 сол сипарӣ шудааст, ҳанӯз нотамом аст.
Соли 1978 матни илмии «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» ном асари устод Айнӣ (бо пешгуфтори Муҳаммад Осимӣ ва кӯшишу эҳтимом ва дебочаи Камол Айнӣ) ба табъ расид. Ин матн бо хатти арабиасоси тоҷикӣ буда, аз рӯи дастхати нависанда китобат шудааст. Устод Табаров дар «Икдоми нек» ном тақризи худ зимни нишон додани бурду бохти матни илмии «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» боз ба як қатор масъалаҳои мубрами матншиносии тоҷик дахл мекунад. Аз ҷумла, дахолати шахси беруна ба матни нависанда, ки хилофи қонунҳои матншиносӣ мебошад, дар матни илмии «Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам» камтар мушоҳида мешавад.

пешина
аз 148
навбатӣ