Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МУҲАҚҚИҚИ НАҚДИ МАТН

Соҳиб Шуҳратиевич Табаров аз зумраи он олимони сертараддуду пурмаҳсулест, ки дорои тарзу усули ба худ хоси тадқиқоту пажӯҳиш мебошанд. Устод дар давоми умри бобаракати хеш мактаби илмие ба вуҷуд овард, ки эътибору иқтидори тадқиқотии он аз тарафи Ян Рипка, Иржи Бечка, Д.С.Комиссаров, Манфред Лоренс, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода барин донишмандону адибони муътабари ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Аз нигоҳи ин муҳаққиқи дақиқназар, пажӯҳишу тадқиқот дар тамоми намудҳои илмҳо, аз ҷумла дар ҳамаи намудҳои илми адабиётшиносӣ, ба қонун ва талаботи дақиқияту далелнокӣ, ҳуҷҷатнокию асоснокӣ ва нозукбиниву бурҳоннокӣ такя менамояд ва онҳо ҳама гуна баёноти подарҳаво, сохтаву бофта, ҷилодору шаъшаавор ва бардурӯғу қалбакиро рад мекунанд ва дастгирӣ намекунанд.
Дар ҳақиқат тадқиқоте, ки дар асоси ҳуҷҷатҳо, далелу бурҳон, манбаъ ва сарчашмаҳои сершумори хаттӣ, маводи бойгониҳову мукотиботи адибон ва коргоҳи эҷодии муаллифон бунёд ёфтаанд, зиёда эътимодноку боварибахш буда, дар ҳалли бисёр муаммоҳои мундариҷавию бадеӣ, услубию забонӣ ва ғоявию ҳунарии асари бадеӣ мусоидат доранд. Ва яке аз қисматҳои илми адабиётшиносӣ, ки дар асоси чунин таҳлили ҳуҷҷатӣ фароҳам меояд, матншиносӣ мебошад. Бинобар ин, табиист, ки як қисмати муҳимми фаъолияти илмии устод Табаровро тадқиқи нақди матн ё худ матншиносӣ ташкил медиҳад.
Яке аз вазифаҳои мубрами матншиносӣ дар асоси омӯзиши гуногун таҳия ва табъи матни саҳеҳу беолоиши асари бадеӣ мебошад. То миёнаҳои садаи XX матншиносон чунин ақида доштанд, ки нақду пажӯҳиши нусхаҳо ва таҳияи матни саҳеҳи осори нависандагони давраи нав зарурат надорад. Табаров С.Ш. дар байни адабиётшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин олимоне мебошад, ки дар асоси омӯзиши ҷиддии илмӣ ба чоп ҳозир кардани асарҳои адибони давраи навро ба миён гузоштааст.

пешина
аз 148
навбатӣ