Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар охири умр аз он шодмонам, ки Абдуҷаббор Раҳмонов (ҳарчанд ӯ зери роҳбарии дигарон рисолаи номзадӣ ва докторӣ навишт) пурарзиштарин кореро дар илми адабиётшиносии тоҷик ба итмом расонд. Адабиётшиносии муқоисавӣ, аз он ҷумла ҳамон мавзӯе, ки А.Раҳмонов интихоб кардааст, асоси тамоми навъҳои адабиёти бадеӣ аст.
Душвории омӯзиши мифология дар он аст, ки бояд муҳаққиқ забонҳои бисёреро донад. Бесабаб нест, ки олимони Аврупо ва баъзан русҳо 15-20 забонро медонистанду медонанд.
Муқоисаву муқобалаи адабиёти халқҳои гуногун дар натиҷаи донистани забон ба даст меояд. Хулоса, таъсири курси адабиётшиносии муқоисавиро, ки солҳои сол дар Донишгоҳ мегузаштам, дар симои Абдуҷаббор Раҳмонов мебинам» (71,71-72).
Дар ҳақиқат, мактаби адабиётшиносии устод Табаров ба тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамтои соҳибмактаби худ, чунонки шарқшиносони барҷастаи чех Ян Рипка ва Иржи Бечка низ таъкид кардаанд, ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардид ва баъдҳо ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон низ доман паҳн кард. Ба гуфти яке аз шогирдони ҳамин мактаб профессор Худойназар Асозода, «С. Табаров олими сатҳи баланд буда, дар муҳити илмии Тоҷикистон ҳамон мавқеъро дорад, ки дар адабиётшиносии Шарқи солҳои 30-60-уми шӯроӣ академикҳо В. М. Алексеев, А. П. Баранников, В А.
Гордлевский, И. Ю. Крачковский, В. В. Струве, И. А. Орбели ва аъзо-корреспандентҳои АИ СССР А. А. Фрейман, А.
Ю. Якубовский, Пигулевская, Тревер, Энгенгалрдт ва амсоли инҳо доштанд» (7, 162-163).
Ҳамин тариқ, намояндагони мактаби адабиётшиносии устод Табаров паҳлуҳои гуногуни илмҳои филологияи тоҷикро кашф карда ва рушду нумӯ бахшида, дар китоби таъриху фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаҳои рангину муътамад ворид намуданд. Ин мактаб алҳол дар айни рушд қарор дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё