Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Масалан, профессор Раҳими Мусулмониён, ки шогирди камина мебошад, яке аз олимони машҳури Тоҷикистон аст. Ӯ мактаби махсусе ташкил намуд. Эстетикаи адабиёти классикии моро тадқиқ кард.
Шогирди дигарам профессор Худойназар Асозода аст. Пас аз дифои рисолаи номзадӣ ӯ ба Афғонистон сафар намуд. Мо бо ҳам пайваста мукотиба доштем. Дар номаҳоям ҳамеша ба ӯ таъкид мекардам, ки дар Афғонистон миллионҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо аз Тоҷикистон рафтаанд. Барои ҳамин ҳам адабиётшиносиро омӯзед, таҳқиқ кунед ва ба ин восита робитаву ҳампайвандии адабиёти Афғонистону Тоҷикистонро мустаҳкам намоед. Хушбахтона, ин шогирд масъулияти вазнинро ба дӯш гирифт ва мактаби дуюмам пайдо шуд, ки номаш адабиёти муқоисавӣ мебошад.
Ё мактаби сеюмамро гирем. Солҳои сол дар дорулфунун курси матншиносиро дар гурӯҳи адабиёти Шӯравӣ мехондам. Яке аз масъалаҳои омӯзишу тадқиқаш муҳим масъалаи матншиносии адабиёти муосири тоҷик буд. Ва ҳозир ман хурсандам, ки яке аз мутахасисони ҳамин соҳа, шогирди камина духтури илми филология Аламхон Кӯчаров шуд. Яъне, бевосита мактаби сеюми тадқиқоти адабиётшиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ ба вуҷуд омад, на дар ҷои дигар.
Омӯзиши афкори адабии суханварони муосири мо низ аз масъалаҳои камомӯхташуда мебошад. Банда, ки аз солҳои чилум боз ба нақди адабӣ машғул будам, сари ин масъала пайваста фикр мекардам. Афкори адабии тамоми халқҳои ҷаҳонро, аз Юнони Қадим сар карда, то ба имрӯз дар заминаи муқоиса меомӯхтам. Диққати шогирдонро ҷалб мекардам. Хушбахтона, ба ин мавзӯъ каму беш ҷавонмарди боистеъдод Абдулҳай Маҳмадаминов машғул шуд. Ӯ афкори адабиётшиносии моро дар симои устод Айнӣ ба итмом расонид ва доктор шуд.
Шогирди дигарам профессор Асадулло Саъдуллоев мебошад. Ӯ зери роҳбарии камина дар масъалаи публитсистика, ки бо нақди адабӣ пайванди хос дорад, рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Имрӯз аллакай ӯ духтури илми филология аст.

пешина
аз 148
навбатӣ