Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод ҳанӯз соли 1962 ба масъалаи чопи осори адибони садаи XX таваҷҷуҳ зоҳир намуда, камбудии матни маҷмӯаҳои шоирони мутаваффо М.Сарвар, Н.Шанбезода ва Б.Азизиро дар он медонад, ки: «Дар ҳеҷ яке аз ин ду маҷмӯаи номбаршуда («Ашъори мунтахаб»-и М.Сарвар ва «Шеърҳо»-и Н.Шанбезода - А.К.) ба қоидаҳои оддитарини ба чоп ҳозир кардани асарҳои нависандагони советӣ ва қонунҳои илми матншиносӣ риоя карда нашудааст»(66,161).
Масъалаҳое, ки устод Табаров оид ба нақди матн пешниҳод намудааст, ҳама муҳим ва саривақтӣ буда, ба талаботи илмию фарҳангии ҷомеа мувофиқати комил доранд.
Устод дар мақолаҳои «Барои дуруст омӯхтани мероси адабӣ» ва «Боз барои дуруст омӯхтани мероси адабӣ», ки ҳарду соли 1962 навишта шудаанд, танҳо масъалаи чопи оммавии осори адибони ибтидои садаи ХХ тоҷикро ба миён мегузорад. Зеро дар солҳои 60-уми асри гузашта дар бораи ду навъи чоп – чопҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии адибони ин давра сухан рондан ҳанӯз барвақт буд. Баъди 15-20 сол, вақте ки чопи оммавии осори адибони давраи нав, як андоза ба роҳ монда шуд, муҳаққиқ диққати адабиётшиносон, таҳиягарон ва ноширонро ба чопи илмӣ, аз ҷумла чопи илмӣ-интиқодии осори С. Айнӣ ҷалб менамояд. «Дар айнишиносӣ дар марҳалаи ҳозира, - қайд намудааст муҳаққиқ дар мақолаи «Аввал чопи интиқодӣ, баъд луғат»
(1977), - яке аз вазифаҳои муҳим ба чопи академии интиқодӣ ҳозир намудани осори нависанда мебошад, чунки бе чопи дурусту мукаммали тамоми мероси ин устоди бузурги адабиёт... на танҳо дар бораи тадқиқи комили эҷодиёт, балки дар хусуси ба вуҷуд овардани луғати пурраи ӯ сухан рондан имконнопазир аст» (46,142).
Дар ҳақиқат, вақте ки дар бораи ба вуҷуд овардани луғати устод Айнӣ сухан меронем, бояд матни пурраву илмии кулли эҷодиёти нависандаро дар даст дошта бошем, ки ин кори саҳлу осон нест. То давраи таълифи мақолаи «Аввал чопи интиқодӣ, баъд луғат» (нусхаи пурраи ин мақола дар ҷ. II китоби «Ҳаёт, адабиёт, реализм» бо номи «Луғати Айнӣ ва баъзе масъалаҳои чопи осори нависанда» ба табъ расидааст), яъне то соли 1977 19 сол боз ҷилдҳои алоҳидаи Куллиёти 15- ҷилдаи С.

пешина
аз 148
навбатӣ