Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат, хонандаи тоҷик то замони Истиқлолияти Тоҷикистон бар асари мухолифати идеологии мафкурабардорони Шӯравӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони адабиёти ҷадидияи тоҷик, ки ба қавли С.Айнӣ «сари таърихи адабиёти нави тоҷик» ба шумор мераванд, маълумоти саҳеҳ надошт ва сабаби азобу шиканҷа ва охирҳои солҳои 30-юми садаи қатл гардидани зумрае аз онҳоро намедонист. Устод Табаров бо як матонати фавқулодда бо ҳаллу фасли масъалаи мазкур мепардозад ва оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1875-1934), Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875-1919), Саъдулло Рабиӣ (1889-1938), Абдуррауфи Фитрат (1886-1938), Садриддин Айнӣ (1875-1954) силсилаи асарҳо ба табъ мерасонад ва ҷолиб аст, ки мундариҷаи ҳар асар бо масъалагузорӣ, амиқияти андеша ва натиҷагириҳои асоснок тақвият ёфтааст. Дар ҳақиқат, тадқиқоте, ки дар асоси ҳуҷҷатҳо, далелу бурҳон, манбаъ ва сарчашмаҳои сершумори хаттӣ, маводи бойгонию мукотиботи адибон ва коргоҳи эҷодии муаллифон бунёд ёфтаанд, зиёда эътимодноку боварибахш буда, дар ҳалли бисёр муаммоҳои мундариҷавию бадеӣ, услубиву забонӣ ва ғоявию ҳунарии асари бадеӣ мусоидат доранд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳар як тадқиқоти солҳои охир анҷом додаи устод Табаров дорои ҷанбаи амиқи таҳлилӣ мебошад ва тамоми паҳлуҳои мундариҷавию лафзии осори адибони ибтидои асри ХХ-ро фаро гирифта, иртиботи эҷодии нависандагонро ба замон ва воқеаҳои иҷтимоии давр нишон медиҳад. Ин усули тадқиқ ҳангоми нақди осори адибони ибтидои садаи ХХ ниҳоят зарур аст, зеро аксари адибони ин давра, чун Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Мирзо Сироҷ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аҷзии Самарқандӣ, Тошхоҷа Асирӣ, Абдуррауфи Фитрат ва Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар ҷӯши воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошта, тамоми ҳастии худ ва эҷодиёташонро ба татбиқи ғояҳои маорифпарвариву инқилобӣ сафарбар кардаанд.

пешина
аз 148
навбатӣ