Муҳаққиқи соҳибмактаб

Адабиётшиносии муқоисавӣ, ки дар натиҷаи муқоиса ва муқобалаи адабиёти халқҳои гуногуни олам фароҳам меояд, аз муҳаққиқ дониши васеъ ва донистани забонҳои зиёдеро тақозо дорад. Устод дар мақолаи «Адабиётшиносии муқоисавӣ яке аз қисмҳои муҳимми адабиётшиносии ояндаи олам» оид ба таърихи пайдоишу инкишоф, ҷанбаҳои назариву амалӣ, табиат ва методу усулҳои адабиётшиносии муқоисавӣ сухан ронда, бо ҳамин тавваҷуҳи адабиётшиносони тоҷикро ба ин соҳаи ниҳоят зарурӣ ва самараноки фарҳанги ҷаҳонӣ ҷалб менамояд: «Бо боварӣ таъкид кардан мумкин аст, ки дар даҳсолаҳову асрҳои минбаъда… таҳлилу тадқиқ ва таҳқиқи объективӣ ва ҳаққониву дурусти хусусиятҳои ҳам миллӣ ва ҳам умумибашарии адабиётҳои ҳамаи миллатҳо беш аз беш ва беш аз пеш ривоҷу равнақ хоҳанд ёфт ва бо ҳамин чи моҳияти назариявию илмӣ ва амалӣ ва чи вазифаҳои мушаххасу муайяни ин илм барҷастатару равшантар хоҳанд гардид» (47, 18).
Давраи сеюми фаъолияти адабиётшиносии устод Табаров, ки асосан ба тадқиқи таърихи адабиёти ибтидои асри
XX – адабиёти ҷадидияи тоҷик иртибот гирифта арзишҳои
тозаи илмӣ касб менамояд, ба айёми бозсозии горбачевӣ (аз
соли 1985) ва махсусан Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
(аз соли 1991) рост меояд. Муҳаққиқ дар муқаддимаи «Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим» (2009) ном асараш ишора кардааст, ки: «Ба сабаби он ки дар муддати тақрибан 70 сол чи дар
бораи ҳаракату ҷараёни ҷадидӣ ва чи намояндагони
ҷудогонаи он фикрҳои мухталиф ҷой дошт ва оид ба фаъолияти намояндагони маъруфи ин ҳаракат дар адабиёти
таърихӣ-партиявӣ, адабиётшиносӣ, фалсафӣ ва сотсиологӣ
тақрибан сухане намерафт, то ҳол хонандагон доир ба ҳаёт,
фаъолияти револютсионӣ (инқилобӣ) ва эҷодии яке аз сарварони машҳуртарини ҷадидизм Мирзо Абдулвоҳид бинни Бурҳонбек мухталлис ба Мунзим (Бурҳонов) маълумоти дақиқу муфассале дар даст надоранд» (55, 3).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё