Муҳаққиқи соҳибмактаб

Соли 2008 китоби «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875-1899)» чоп гардид. Маълум, ки оид ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Айнӣ асарҳои бисёри хурду калон табъ гардидаанд ва шояд чунин савол пайдо мешавад, ки муаллиф дар ин китоби 480-саҳифагӣ чӣ чизи нав мегуфта бошад?
Вале масъалаҳои ба миён гузошта аз нигоҳи илмӣ амиқу фарогир буда, доираи 25 соли зиндагиномаи С. Айниро (солҳои 1875-1899) фаро гирифтаанд ва ҳаллу фасли онҳо дар таърихи адабиёти нави тоҷик дорои аҳамияти хоссаанд. «Муаллифи рисолаи мазкур,– омадааст дар шиносномаи китоб, – дар асоси сарчашмаю маъхазҳои дастрас, бахусус дар навбати аввал эҷодиёти худи Айнӣ, кӯшиш ба харҷ додаст, ки тарҷумаи ҳоли мухтасари нависандаро аз рӯзи таваллуд то соли 1899, то шиносоӣ ба китоби сардафтари маорифпарварони тоҷик Аҳмадмахдуми Дониш (1826-1897) «Наводир-улвақоеъ», ки дар ҷаҳонбинии ӯ инқилоби фикриро ба вуҷуд оварда буд, мавриди баррасӣ қарор диҳанд» (50,2).
Аз таҳлилу тадқиқ бармеояд, ки шаҷараи устод Айнӣ ба Абӯабдуллоҳи Пояндаи Соктарегӣ (Хоҷа Садпирӣ) мерасад, ки эшон ба хоҷагони тариқати кубравия тааллуқ дошта, соли 1601 вафот мекунанд ва дар мазори сайидон ва хоҷагони Соктаре, ки ба аҷдоди Айнӣ мутааллиқ аст, ба хок супурда мешаванд. Дар рисола оид ба шаҷараи Айнӣ, аҷдод, волидайн ва хешу табори нависанда, деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло, ки бачагии адиб он ҷоҳо гузаштааст, таҳсил дар мактаби кӯҳна, мактаби духтарона ва мадрасаҳои Бухоро, шиносоӣ бо зиёиёни Бухоро ва осори онҳо… басо муфассал сухан меравад ва хонанда тавассути далелу ҳуҷатҳои фаровон ҷараёни ташаккул ва такомули устод Айниро чун шахсияти барҷастаи фарҳангӣ баръало эҳсос мекунад.
Устод Табаров бо далелҳои шайъӣ, аз ҷумла гуфтаҳои худи нависанда собит менамояд, ки соли таваллуди С. Айнӣ на 15 апрели соли 1978, балки 15 апрели соли 1875 мебошад.
Аз ҷумла, «Садриддин Айнӣ 23 ноябри соли 1934 дар тарҷимаи ҳоли ба Абулқосим Лоҳутӣ ирсол кардааш чунин навишта буд: «Ман дар соли 1878 (мувофиқи ҳуҷҷатҳо, аммо дар ҳақиқат соли 1875)… таваллуд ёфтаам» (Архиви Лоҳутӣ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё