Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Касе агар ира бихона,
Номи Юнуса медона (14,14)

Шояд аз он маводи гаронмояи фаровоне, ки устод Бузургзода бо машаққати зиёд ҷамъ оварда буд, қисмате дар бойгониҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳанӯз маҳфуз бошад. Агар бошад, тадқиқу баррасии он боиси хушнудии рӯҳи ҷамъоваранда хоҳад шуд.
Қобилияти илмӣ, ҳисси баланди масъулият назди ҷомеа ва заҳматқариниву мушкилнописандӣ эътибори устод Бузургзодаро дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ зиёда афзун гардонида буд. Ин аст, ки ба ҳайати расмие, ки тирамоҳи соли 1940 барои тасдиқи макони қабри Рӯдакӣ ташкил ёфт, аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургзода тавсия шуд. Номбурда бо маслиҳати устод Айнӣ 23 сентябри соли 1940 ба Панҷакент ва аз он ҷо ба Рӯдак рафта, ҷои қабри Рӯдакиро расман тасдиқ кард ва дар ҷамъоварии нахустин падидаҳои осори омиёнаи диёри Рӯдакӣ саҳмгузор шуд.
Ё худ солҳои 1939-1940 дар сохтмони Канали калони Фарғона гурӯҳи нависандагон ба мисли М. Турсунзода, Ҷ.
Икромӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, М. Аминзода, Ф.
Ниёзӣ ба сифати рӯзноманигор ширкат варзиданд, ки дар байни онҳо олими маъруф Лутфулло Бузургзода ҳам буд.
Агар маҷмӯаи машҳури «Хатти заррин»- ро, ки эҷоди адибони тоҷикро оид ба ин иншооти азим дарбар кардааст, варақ занем, мебинем, ки мураттиб ва муҳаррири масъули ин маҷмӯа устод Бузургзода аст. Қисмати фолклори тоҷикро барои китоби машҳури «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) низ Бузургзода тайёр намуда, онро бо муқаддимаҳои пурқуввати илмӣ музайян намудааст ва ғайра.
«Гумон дорам, – таъкид мекунад С. Табаров,– ҷаззобияти дарсҳои Бузургзода дар муҳтавои пурқуввати илмӣ ва пайвастагиву ҳамбастагӣ ба таҷрибаи зиндагӣ буд. Устод таълим медод, ки ҳеҷ як матни лаҳҷаву шеваро бе истифодаи транскрипсияи байналхалқии фонетикӣ сабт кардан мумкин нест.

пешина
аз 148
навбатӣ