Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ё худ танҳо мақолаи дар хусуси Носири Хусрав навишта, ки аз ҷиҳати арзишу муҳтаво ҳоло ҳам бебаҳост, адабиётшиноси моҳир будани ӯро хеле хуб исбот мекунад. Асарҳои фолклоршиносӣ ва шевашиносии устод, ки дар асоси маводи бевосита аз мавзеъҳои қисми шимолии Тоҷикистон, вилоятҳои Фарғона, Намангон, Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аксари маҳалҳои Кӯлобу Ғарм гирдоварда фароҳам омадаанд, дар таърихи фарҳангии миллии тоҷикон чун хазинаи гаронбаҳои маънавӣ қиматноканд.
Устод Бузургзода, ки зарурати таърихӣ ва аҳамияти илмии шеваҳою эҷодиёти шифоҳии халқашро ҷиддан дарк менамуд, баъди хатми Донишгоҳи Самарқанд ва ба Душанбе ба кор омадан тамоми рӯзҳо ва моҳҳои истироҳаташро ба кори ҷамъоварии маводи фолклориву шеваву лаҳҷаҳои мардум сарф мекард. Ӯ ҳамроҳи дигар фидоиёни эҷодкор аввалин матни асарҳои Бобоюнус Худойдодзода ва аввалин порчаҳои достонҳои «Гӯрғулӣ»-ро аз забони ӯ сабт намуд.
Мутаассифона, баъзан аз зикри номи гирдоварандагони ҳақиқии матнҳои фолклорӣ ва шевагӣ худорӣ мешавад, ки ин ба фоидаи илм нест. Достони «Шӯриши Восеъ»-и Худойдодзодаро ҳанӯз соли 1939 Бузургзода ҳамроҳи Раҷаб Ҷалилов ва В. Р. Чейлитко аз забони муаллиф навишта буданд.
Минбаъд ин достонро бисёр фолклоршиносон, аз ҷумла Я. И. Налский, бо баъзе иловаю таҳрирот аз нав чоп намуда бошанд ҳам, аз чӣ бошад боби ХІ матни нахустинро, ки аз 76 мисраъ иборат аст, тамоман партофтаанд. Ҳол он ки дар ҳамин боби хотимавӣ Бобоюнус Худойдодзода воқеаҳои навиштани достонро аз ҷониби Бузургзода ин тавр ба қалам додаст:
Омад ба по Лутфулло,
Раҷабаливу як бобо,
Номи ӯ ҳаст Чейлитко.
Мо дилмона хабар кардем, Рафиқ Лутфуллора назар кардем…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё