Муҳаққиқи соҳибмактаб

В.
Маяковский) ҷамъомади зиёиёни тоҷик баргузор гардид, ки дар он ду устоди бузурги адабиётамон – Айнӣ ва Лоҳутӣ ширкат доштанд. Дар ин ҷамъомад раиси онвақтаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар бораи адабиёти ҳозираи тоҷик ва режиссёри театр Корох дар бораи санъати муосири тоҷик маъруза карданд ва бо тавассути ин муаллими муҳрубон банда устод Айниро, ки аз соли 1934 боз чанд бор дида будам, боз дидам ва бори нахуст аз дур овози хеле лазиз ва ширини устод Лоҳутиро шунидам»(57,133).
Табиист, ки Лутфулло Бузургзода дар рушду нумуи фаъолияти қаламкашии С. Табаров саҳми босазое дорад. Устод, ки ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб дар саҳифаҳои рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Васияти Ленин», «Газетаи муаллимон» хабарҳо навиштани шогирдашро медонист, бо як фаросати омӯзгории ба худ хос ин истеъдоди нодирро ба корҳои илмию таълифӣ ҷиддан ҷалб намуд ва дар ниҳоди ӯ меҳри ин пешаи муқаддасу пурмашаққатро ҷойгир кунонид: «Соли 1940,– ба ёд меорад шогирд,– қисми якуми романи Ҷалол Икромӣ – «Шодӣ» интишор ёфт ва устод Бузургзода ин асарро дар дасти банда дида, таассуротамро оид ба он пурсон шуд. Ман дар қиёс ба «Одина», «Мактаби кӯҳна», «Аҳмади Девбанд», «Дохунда», «Ғуломон»-и С. Айнӣ гуфтам, ки дар забони романи «Шодӣ» баъзе калимаҳои лаҳҷаву шевагӣ мавҷуд аст. Муаллим ба камина супориш дод, ки бори дигар ин асарро бодиққат хонам ва мулоҳизаҳои худро оид ба калимаҳои шевагии он нависам. Ва банда ин корро, агар ҳато накунам, баҳори соли 1941 ба ҷо оварда, матнро ба устод пешкаш кардам. Аз ин дастгирӣ рӯҳ гирифта, мухтасари мулоҳизаҳоямро ба нависанда Ҷалол Икромӣ низ фиристодам.
Баъди чанде, мумкин моҳи апрел бошад, устод Бузургзода Раҷаб Амонов, Боқӣ Раҳимзода ва бандаро ба хонаи Иттифоқи нависандагон, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе воқеъ буда, яке аз хонаҳои ошёни дуюми он вазифаи толорро иҷро мекард, бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё