Муҳаққиқи соҳибмактаб

Я. Марр, М.
С. Андреев, А. А. Семёнов, Н. А. Кисляков, О. А. Сухарев ва ҳатто асари Пол Лафарг «Забон ва инқилоб»-ро аз китобхонаи донишкада дастрас кардан мумкин набуд. Надонистани забони русӣ ба ман роҳи дастрас кардани адабиёти илмиро боз ҳам душвортар менамуд. Вақте ки ин масъаларо ба Бузургзода арз кардам, устод чандин маротиба маро ба ҷойи кори дигараш, ба бинои филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС (собиқ шоссеи Орҷоникизобод, ҳозира кӯчаи Айнӣ, 44), оварда аз китобхонаи он ё фонди академик С. Ф. Олденбург адабиёти камёфтро дар варақаи обунаи худаш гирифта, ба ман барои хондан медод. Дар ҳақиқат, муаллими мо сермутолиа буд ва аз мо ҳам омӯхтани адабиёти илмию бадеиро ҷиддан талаб мекард»(57,132).
Фаъолияти омӯзгории Бузургзода такя ба анъанаҳои тарбиявии мутафаккирони ҷаҳонӣ дошта, гуногунҷабҳа ва паҳновар буд. Устод ба шогирдони ҳушёру зирак таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамуд ва чун боғбони чирадаст ҳамвора паи он буд, ки истеъдоду нерӯҳои ақлии ин ҷавонон ба маҷрои дурусти донишандӯзиву дунёдарккунӣ ҷараён дошта бошад.
Дар ҳақиқат, ширкат дар чорабиниҳои фарҳангии пойтахт, ки тавассути ҳидояти Л. Бузургзода сурат мегирифт, ба донишҷӯёни илмдӯсту меҳнатқарин таассуроти амиқу гуворое мебахшид: «Ҳеҷ аз хотир намебарорам, ки, – мегӯяд С.
Табаров,– Бузургзода ҳамроҳи А. Мирзоев нахустин бор моро ба толори барҳавои бинои КМ ПК Тоҷикистон (ҳозира бинои АИ ҶТ) барои шунидани маърӯзаи И. С. Брагинский, ки «Муқаддима ба «Намунаҳои адабиёти тоҷик» ном дошт, раҳнамоӣ карданд. Ман дар бораи адабиёти ҳазорсолаи тоҷик нахустин бор аз он нутқи И. С. Брагинский тасаввуроте ҳосил намудам».
Борҳо ба дидори асосгузорони адабиёти муосири тоҷик устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ мушарраф гардидани С.Т.Табаров низ тавассути Бузургзода сурат гирифтааст: «Моҳи октябри соли 1939 дар арафаи ҷашни 10-солагии Ҷумҳурияти шӯравии Тоҷикистон дар бинои Театри драмавии мусиқии ба номи Лоҳутӣ (ҳозира бинои Театри русии ба номи В.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё