Муҳаққиқи соҳибмактаб

Махсусан, эҳтирому ихлос ва садоқату самимияти ӯ ба Лутфулло Бузургзода, ки дар пояҳои олии муносибатҳои инсонӣ ва гуманизми комил қарор гирифта буд, намунаи ибрат ва муҷиби омӯзиши ҷомеаи имрӯза мебошад. Соҳиб Табаров ҳамагӣ дар курсҳои якуму дуюм аз файзи таълиму тарбияи Лутфулло Бузургзода баҳра бардоштааст. Номбурда тобистони соли 1941 устоди азизашро ба ҷанги Олмон гусел карда, дигар ба дидори муборак шарафёб нагардид. Вале ин лаҳзаи басо кӯтоҳи омӯзиш, ки аз тирамоҳи соли 1939 то тобистони соли 1941 идома ёфт, чунон пурарзиш ва самаранок буд, ки шогирди қобилро тасхир ва роҳу равиши фаъолияти минбаъдаи ӯро батамом таъмин намуд.
Лутфулло Бузургзода шахсиятест, ки тору пуди эшон аз ғояҳои олии ахлоқи омӯзгорӣ ва фарҳанги миллӣ сиришта шуда, ба қавли С. Табаров, устод Бузургзода табиатан барои муаллимӣ ба дунё омада буд ва ба ин пешаи муқаддас тамоми ҳастии худро бахшид. Ниёзи ҷомеа ба мутахассисони варзида устодро водор мекард, ки ҳатто рӯзҳои истироҳат низ гарми таълиму тарбияи шогирдон бошад. «Ҳар рӯзи якшанбе саҳарии барвақт устод Бузургзода аз хонаи «Мутахассисон», ки дар хиёбони Куйбишев воқеъ буд, пойи пиёда ба бинои Донишкадаи педагогӣ меомад ва дар чойхонаи он интизори мо донишҷӯён мешуд, - ба ёд меовард Соҳиб Табаров. - Чун донишҷӯён ҷамъ меомаданд, муаллим моро барои сабти порчаҳои адабиёти шифоҳии тоҷик ва лаҳҷаву шеваи мардуми гирду атрофи шаҳри Сталинобод сафарбар мекард.
Мо ҳамроҳи устод гоҳо ба ҳудуди колхози Калинин, ки ҳозир шаҳраки Калилинаш меноманд, гоҳо ба ҳудуди колхозҳои Ленину Россия, деҳоти Чорбоғу Лучоб, Шоҳмансуру Мавлоно ва Ҳалқаҷар рафта мавод ҷамъ мекардем. Ва бегоҳ устод моро то донишкада ҳамроҳӣ карда, худ ба хонаи «Мутахассисон» бар мегашт».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё