Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Устод Табаров умри бобаракати хешро ба пешрафти илму маорифи тоҷик бахшида, аз халқу Ватан низ қадршиносӣ дидааст. Домулло узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви вобастаи АУ Тоҷикистон ва аълочии Маорифи халқи Тоҷикистон мебошад. Унвонҳо, ифтихорномаҳо ва мукофотҳои эшон беҳисобанд. Дар баргузорӣ ва таҷлили ҷашни Давлати Сомониён фаъолона ширкат варзид, дар матбуоти даврӣ ва садою симо баромадҳо кард ва ба ин муносибат дар баҳори 75-умин солгарди умр ба ордени «Дӯстӣ» қадр шуд. Аминем, ки ин посдориҳову сипосгузориҳо ба устод Табаров барин пирони хирад табъи болида ва қуввату неруи тоза мебахшад, эшон боз солҳои тӯлонӣ ба ҳаёти фарҳангии ҷомеаи мо файзу баракат меоваранд.

Соли 1999
«БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН
ЗИНДА МЕДОРАНД»

(Лутфулло Бузургзода аз нигоҳи адабиётшинос С. Табаров) Охири солҳои сиюм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷӯшу хурӯши фарҳангиву талошҳои ҳунарӣ ривоҷ гирифт ва зиёиёне чун Ҳаким Карим (1905-1942), Абдушукур Пирмуҳаммадзода (1912-1942), Ҳабиб Юсуфӣ (1916-1945), Лутфулло Бузургзода (1909-1943) гӯё кӯтоҳии риштаи умрашонро эҳсос намуда, қарзи фарзандии худро назди Ватану ватандорон ҳарчи тезтар ба иҷро расонидан мехостанд. Онҳо лаҳзае ҳамчун барқ нурпошӣ карда, бинои илму маърифати тоҷикро ба дараҷот мунаввар намуданд. Ва бахти Лутфулло Бузургзода боз дар он аст, ки ӯ тавассути истеъдоди фавқулоддаи омӯзгорӣ нури маърифатро дар қалбҳои ҷавонони закӣ ҷо намуд ва шогирдон роҳи нопаймудаи устодро содиқона ва пайгирона идома доданд. Адабиётшинос Хуршеда Отахонова аз рисолати шогирдии узви вобастаи АИ ҶТ Носирҷон Маъсумӣ нисбат ба устод Бузургзода муфассал ва самимона сухан мегӯяд.
Дигар аз чунин шогирдони хушбахти Бузургзода, ки баъдҳо дар осмони илму маърифати тоҷик чун ситораи тобнок ба ҷилва омада, худ ба дараҷаи устодӣ расидааст, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич мебошанд. Соҳиб Табаров солҳои 1939-1943, ҳангоми таҳсил дар факултети адабиёти Донишкадаи омӯзгории Сталинобод аз донишмандони зиёде чун хатмкардаҳои Донишгоҳи давлатии Ленинград Абдулғанӣ Мирзоев ва Абдулғанӣ Эшонҷонов, аввалин номзади илми филология дар Тоҷикистон Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, муаллими номдори мактабҳои олии Тоҷикистон Шарифҷон Хусейнзода таълим гирифта, ба онҳо арзи эҳтиром ва сипос дорад: «Ба толеъ ва бахти баланди мо дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ба номи Шевченко соли таҳсили 1939-
1940 ба таълими грамматикаи забони тоҷикӣ нахустин номзади илмҳои филология дар Тоҷикистон устод Ниёзмуҳаммадов, ки соли 1938 диссертатсияи номзадиашро доир ба шеваи Конибодом дифоъ намуда буд, оғоз кард», – гуфтааст домулло Табаров дар ҷашни 100-солагии олим.

пешина
аз 148
навбатӣ