Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар ин оилаи тифоқу фарҳангӣ фарзандон низ дар рӯҳи илмдӯстӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия ёфта, ба камол расиданд.
Саодат, ки аз хурдӣ ба мусиқӣ ҳавас дошт, баъди хатми мактаби олӣ солҳои дароз ба сифати сарвари қисмати фортепянои Омӯзишгоҳи мусиқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд, «бо оғози ҷанги дохилӣ ба Русия рафт ва дар яке аз мактабҳои мусиқии вилояти Ярославл директор буд. Ҳоло нафақа мегирад ва бо фарзандонаш дар Москва зиндагӣ дорад»(1, 186). Темур, ки ба техника шавқу ҳавас дошт, баъди маълумоти олӣ дар шуъбаи аспирантураи Институти физикиву техникии ба номи Иоффеи Ленинград (ҳоло Санкт- Петербург) таҳсил карда, номзади илмҳои физикаву риёзиёт шуд ва ҳоло дар ҳамон Институт фаъолият дорад. Соли 1984 ба Ҷоизаи комсомоли умумииттифоқ сазовор гардид.
Оре, Ванда Витолдовна дар муддати 40 соли фаъолияти муаллимӣ дар мактаби олӣ омӯзиши грамматикаи муқоисавии забонҳои тоҷикӣ ва русиро ба роҳ монда, чун яке аз асосгузорони ин илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузорӣ намуд. Ҳамчунин дар муддати солиёни зиёд мактаббачагони синфҳои 3-7-и тоҷикӣ ва русӣ ва муаллимони онҳо дар асоси китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии Ванда Витолдовна ба таълиму тадрис машғул мешуданд.
Зиёда аз ин, муаллимаи азизи мо дар давоми 63 соли зиндагии якҷоя то тавонист хушбахтӣ ва равнақи кору рӯзгори ҳамсари фидоии илму таълимашро таъмин намуд ва гӯё ба ин шахсияти ҳассосу маъюб умри дигарбора бахшид. Муаллима ба устоди мо домулло гӯён муроҷиат мекард ва устод бошад, завҷаи меҳрубонашро асалам ё фариштаам гӯён ном мебарад.
Тирамоҳи соли 2008 барои устод Табаров вазнин омад, зеро дар ин айёми хазонрез ҳамсари меҳрубонаш ба беморӣ мубталло гардид ва дар миёнаҳои моҳи ноябр, бегоҳи панҷшанбе гӯё ки хоб мерафта бошад, беозор аз олам даргузашт. Муаллимаи меҳрубони мо дар рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеи ноҳияи Муъминобод, мавзее, ки шавҳари азизаш ба дунё омада буд, бо иштироки чор-панҷ ҳазор намозгузор пешнамоз гардида, дар қафои бинои «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» ба хок супурда шуд. Ванда Витолдовна Яблонскаяи лаҳистонӣ дар Ленинград ба дунё омада, Тоҷикистонро ватани худ интихоб намуд ва дар як гӯшаи зебоманзари он умри абад ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё