Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Охири соли 2002 барои табрики Соли нави масеҳӣ ба хонаашон рафтем ва муаллимаи меҳрубон дарҳол дастурхон кушода моро ҳар лаҳза ба истеъмоли хӯрданиҳо ташвиқ мекард. Устод Табаров «инҳо аз тарси хунукӣ чой наменӯшанд» гуфт. Муаллима: «Чой нӯшед, гарм мешавед, - гуфт ва лаҳзаи басо ҳассосеро ба ёд овард: – Вақте ки мо дар муҳосира будем, барои он ки аз хунукӣ ях накунем, моро оби ҷӯш медоданд. Пӯсти лаб ва пӯсти забон дар зарфи об мемонд, вале бадани нимхунуки мо андак гарм мешуд. Дар ин муҳосира падар, модар, хола ва дигар хешонамро аз даст додам ва ин мудҳиштарин муҳосира буд, ки 900 рӯз давом кард ва моро ба Душанбе гусел карданд». Ва ҷолиб аст, ки дар хамон лаҳзаи бесарусомонӣ ин донишҷӯдухтар аз Ленинград чанд китоби «захмин», аз ҷумла романи «Дохунда»- и С.Айниро, ки аз зарби тир ва ба хок яксон шудани хона чанд ҷояш осеб дида буд, ба худ меорад.
Чунин лаҳзаҳои сахти зиндагӣ ба Ванда Витолдовна беҳтарин хислати инсонӣ – қаноатпешагиро ато намудааст.
Муаллима, бо таъбири Рӯдакӣ, бо дода қаноат мекарду бо дод мезист ва аз камтарин ҳадяи тақдир басо шод мегардид.
Аввалҳои октябри соли 1997 ба хонаи устод рафтем. Зану шавҳар бо вуҷуди камчинии зиндагӣ, хушҳол буданд. Домулло бо муҳаббат нақл кард, ки Бахтиёр Худойназаров ном ҷавонмарди соҳибкори ӯротеппагӣ қарор додаст, ки то вақте ки ширкаташ вуҷуд дорад, ҳар моҳ ба аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон 15 000, ба аъзои пайваста 30 000 ва ба президенти АИ Тоҷикистон 50 000 рубли тоҷикӣ медиҳад ва ду рӯз пеш устоди мо чун узви вобастаи Академия 13 400 рубл гирифтааст. Ва муаллима бо хурсандии афзун изҳор дошт, ки:
«Бо ин пул пагоҳӣ рафта ду кило гӯшт ва як кило творог харидам. Фардо рафта тухм мехарам. Ба ҳар ҳол ҳозир мо бой ҳастем».

пешина
аз 148
навбатӣ