Муҳаққиқи соҳибмактаб

Мо се нафар (падарам, акаам ва ман) аз ҳамон қути лоямути 3 – 4 -солаамон маҳрум гардидем.
Падарамон баҳри халосоии мо – писаронаш, роҳи худқурбонкуниро пеш гирифт. Ӯ тирамоҳи соли 1931 бародари бузургамро ба хонаи бачагони Муъминобод оварда супорид, то ки ҳеҷ набошад, ба ҳамон 250 грамм нон (хлеб), затерухи (умоч) ва андаке пиёбаҳо ба зудӣ пой дароз накунад. Падарамон вақте дид, ки Мирзоназар зинда аст, дар ҳамон фасли тирамоҳ, соли сахттарини қаҳтии 1932 маро низ ба назди бародарам ба хонаи бачагон овард ва ба дасти роҳбарият ва мураббиёни бештараш персиён, афғон, ҳазора, аз он ҷумла момандиёнӣ, супорид.
Чи тавре ки дар навиштаҳои болоам нишон дода будам, дар 3 – 4 – 8 – 9- солагиам дар ҳаёти мо, падару писарон, чи рӯзҳои вазнинтарине гузаштааст. Яке аз онҳо ба ноҳияи Фархор муҳоҷир шудани моён баъд аз ба хоҷагиҳои коллективӣ як гардонидани хоҷагиҳои якка дар соли 1929 (соли «дигаргунии бузург») буд. Дар оғози тобистони соли 1929 тарғибгарон хоҷагиҳои безамину камзамин ва камбизоатро аз деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ба воҳаҳои беодами дашту биёбон сафарбар мекарданд.
Дар байни он гуна шахсон якеаш падари мо буд. Оилаи мо аз якуминҳо шуда ба Фархор муҳоҷир шуд, чунки ғайр аз замини Хирмани Ҷурз ва Ёлаи Хар ва як хари ҳангӣ дигар сарвате надошт. Аз молу амвол ва ҷиҳоз ҳамон қадаре доштем, ки ҳамагӣ бори як хар мешуданд. Он хар бошад, аз худамон буд.
Мо бо дигар мо ворӣ муздурони се Дуоб як шуда бо роҳи Муъминобод – Кӯлоб – Арал ба лаби рости кадом дарёчае ба лангаргоҳи Сомончӣ расидем. Тафовути боду ҳавои он маҳал дар назарам аз Дуобамон 10 – 15 дараҷа баландтар менамуд.
Мо, кӯдакон, аз дидани пароми пур аз одам, гову мол ва чизу чораҳо мутаҳайир монда будем. Вақте ки паром аз соҳили чапи дарё ба соҳили рост омад, мо ҳам ба он паром бо хари ҳангиамон ва молу маноламон савор шуда, ба сарзамини Фархор фуромадем. Аз он ҷо моро ба мавзеи андак бенай, қамишзор, лухзор, ки дар шарқу ҷанубтари деҳаи Бобосафол ва ҷанубтари дашти холии бедолу дарахт ва калламушзор воқеъ буд, ба лаби наҳре фароварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё