Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳаво чунон гарм, пурпашшаву дилгиранда ва замин он қадар сертазарв, хукзор, оҳудор ва ботлоқдор буд, ки мани беҷону беҳол аз рӯзҳои нахустини омаданам дар он ҷо (баъдҳо колхози «Коммунизм») дучори бемории вараҷа ва ҳарорати ниҳоят баланд гардидам. Чи қадар кӯрпаву пӯшоке, ки доштем, то ҷули хар, маро мепӯшонданд, вале боз аз хунукӣ дарақ – дарақ меларзидам.
Ҳамин тавр, ба табиати туғайзор, наистон ва қамишзори Фархор як сол тобу тоқат оварда, мо боз дар охири баҳори соли 1930 роҳи Чорраҳаамонро пеш гирифтем.
Ҳангоме ки соли 1931 гуруснагӣ оғоз ёфт ва аз соли 1932 сар намуда гуруснагӣ ба қаҳтӣ мубаддал гардид, падари боақлам, инсони комилам, авлоди Мавлоно Ҷаъфари Сонии муриди Сайид Алии Ҳамадонӣ ва муаллифи рисолаи «Хулосат – ул - маноқиб» - и дурбинам дар соли 1931 аввал бародарам ва дар соли 1932 маро ба хонаи бачагон супориданд ва худашон барои мо шуда дар моҳҳои авҷи қаҳтӣ дар баҳори соли 1933 дар масҷиди деҳаи Эмомалии Арал ҷон ба ҷонофарин супориданд ва моро ҳамчун инсони хокӣ тарбия намуданд (Илоҳо, гӯри падарамонро пурнур ва рӯҳашонро шоду ҷояшонро ҷаннатулмаъво бигардонӣ.).

ЧӢ ТАВР АЗ ФАВТИ
ПАДАРАМ ХАБАР ЁФТАМ?

Соли 1933 дар Мӯъминобод авҷи қаҳтӣ буд. Рӯзу ҳафтае набуд, ки аз хонаи бачагони мо аз як то чанд бачаи ман ворӣ хурдсолу лоғар аз гуруснагӣ вафот накунад ва дар гӯристони маркази ноҳия, ки то имрӯз ҳиссаи хурдаш маҳфӯз мондааст,онҳоро (гоҳо дар як гӯр чанд нафарро) ба хок месупориданд. Дар он рӯзҳо агар акаи ба мани лоғари камҷон мададрасонам намебуд, ман ҳам дар қатори он ҳамсолонам дар зери хок гуму нобуд мешудам.
Дар муддати солҳои 1932 – 1933, ки ману Мирзоназар дар Муъминобод будем, мураббияи золимамон Забироваи момандиёнӣ ӯро доимо барои ман шуда мезад. Охири соли 1933 Мирзоназар аз дасти он золим гурехта ба хонаи бачагони Тебалай рафт.

пешина
аз 148
навбатӣ