Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ӯ ҳангоми баҳор, тобистон ва, андаке, тирамоҳ моро бо Раҷаб, Алӣ, Давлат ва Калон ном писарони тағои мутаввафоямон Одина дар хонаи тағои дигарамон Хоркаш гузошта, худаш ба мардикорӣ, кабкгӯшагарӣ ва зиёдтар ба нигоҳубини боғи Сафари Сигова ба деҳаи Қалъачаи Боло, ки аз худи деҳаи мо тахминан ду км. дар лаби дари Ёхсӯ ҷой гирифта буд, мерафт, то онро аз мевадӯздони деҳаи Навободи Ховалинг (ҳақиқатан ҳамон солҳо ҳамагӣ 4 – 5 хоҷагии навбунёд таъсис ёфта буд ва ҳеҷ гуна долу дарахт надошт), даррандаву чаранда ва парандагон ҳимоя кунад; ба чидани меваҳои боғ ёрӣ расонад; ба пухтани ширинии ангур ба занони Сафари Сигова мададрасон бошад ва ғайра.
Падарам дар талу теппаҳои деҳа бо кабкҳои ромкардааш ва гузоштани қилакҳо кабк шикор мекард, бо чачҳои устокоронаи худаш бофта аз Ёхсӯ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, лақамоҳӣ мерӯёнд ва онҳоро ба болои ду санг аз таг ва як санги товагӣ аз боло гузошта, аз тагашон алов даргиронда бо равғани худашон моҳибирён пухта ба мо медод ва ману акаи худораҳматиам кайф карда мехӯрдем. Падари азизу меҳрубонамон баъд аз фориғ гардидану супоридани боғ бо дӯсти ғузаҷоғиаш бобои Яъқуби мисли худаш кабкгӯшагар кабкҳои ромкардаашонро дар бағал гирифта, барои шикор ба кӯҳҳои Чилдухтарон ва ҳавзи Сир мерафтанд.
Ман бошам, бо бародари ҷониам Мирзоназар ва се тағобачаам (Калон аз ман андаке хурдтар буд) дар Чорраҳа подаи деҳаамонро то охири тирамоҳ хондӣ карда, ҳар бегоҳӣ аз дари ҳар хонавода барои подабониамон оши ҳалол мегирифтем. Соҳиби ҳар як хонавода мувофиқи ҳимматаш ва ғизои ҳамон рӯз омодакардааш ба ҳар кадоми мо, аз он ҷумла ба мани хурдсолтарин ва шал, оши ҳалол медоданд.
Баъзе аз онҳо, хусусан занонашон, раҳму шафқат карда сари моро сила мекарданд ва андаке ҳаққи оши ҳалоли ночизашонро зиёдтар медоданд.
Нохост сахтии соли «дигаргунии бузурги 1929» дар солҳои 1930-1932 ва «саргарангиҳо аз муваффақиятҳо» ба дурдасттарин гӯшаи ҷаҳон - Дуоби мо ҳам реша давонд ва соли 1931 қаҳтӣ сар шуд ва «голодомор» – гуруснагии шадиде оғоз ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё