Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бисёрии мардуми мо гумроҳанд, намедонанд, ки ин қадар китоб чи гуна пайдо шудааст. Барои навиштани онҳо шабзиндадорӣ кардан лозим меояд, гурусна мондан, нияти нек кардан, аз даргоҳи Илоҳӣ барои анҷоми китоб садҳо маротиба мадад хостан лозим меояд. Аз ин рӯ, ман таҳорат кардам, то ба ғазаби Худои бузург гирифтор нашавам».
Баъди ин қисми китобҳоро як-як аз назар гузаронид, бӯса кард ва аз миёни онҳо китоби «Се маорифпарвари тоҷик дар бораи армирони манғит» - ро гирифта ба қироатхона даромаду ба хондан сар кард. Ман ба кори худ овора шудам.
Мӯйсафед то нисфирӯзӣ нишаста китоб хонд, баъд аз ҷояш хесту рафтанӣ шуд. Ман он китоби нимкора хондаашро ба ӯ додам, то ки хонда ба итмом расонад. Ҳамин минвол мӯйсафед хонандаи доимии китобхона шуд ва қариб тамоми китобҳои устод Табаровро мутолиа намуд».
«Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров» чун Маркази фарҳангии ноҳияи Муъминобод дар байни табақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ эътибори хосса пайдо кардааст. Ба гуфти мудири «Ганҷина» Олим Табаров, ҳар шахсе, ки ба ноҳия биояд, албатта аз ин макони муқаддас дидан мекунад ва таассуроти хуб мебардорад ва созандагони он таҳсину офарин мегӯяд.
Ин ҳолатро, алалхусус, аз қайдҳои сипосгузоронаи меҳмонони ба ин остона ташриф оварда баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Қайдҳо аз моҳу рӯзҳои аввали таъсиси «Ганҷина…» мушоҳида мешаванд. 12 ноябри соли 2006, ҳанӯз вақте ки ин муассиса пурра ба кор шурӯъ накарда буд, як зумра бонувони аз минтақаи Раштонзамин ба Муъминобод барои ширкат ба семинар омада таассуроташонро чунин иброз доштаанд: «Мо, як гурӯҳ хонумони ноҳияҳои Рашт, Файзобод, Обигарм, Тавилдара, Ҷиргатол ба кори хайр ва дили бузурги шумо сад аҳсану офарин мегӯем ва ба муносибати чунин кохи нурро кушоданатон табрик гуфта, ба шумо мувафаққият хоҳонем: Одинаева Ғанимат, Назриева Зулфия, Саидова Давлатпочо…».
Дар дафтар қайди олимону устодон зиёдтар ба назар мерасад ва ҷолиб аст,ки аксари ёддошткунандагон шарафи шогирдии устодро доранд: «Ба раёсати Ҳукумати Муъминобод миннатдории бепоёни худро изҳор менамоям, ки хона-музеи адабиётшиноси забардасти тоҷик – Соҳиб Шуҳратиевич Табаровро ташкил карда, барои насли навраси мардуми мо дарси ибрат нишон додаст.

пешина
аз 148
навбатӣ