Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шогирди устоди бузургвор, ки умрашон дароз бод, Фозил Тоҳиров, ҳуқуқшинос, академик».
Ба «Ганҷина…» намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон низ ташриф оварда, таассуроти нек гирифтаанд. Аз ин ҷиҳат ёддошти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрухи Асрорӣ, ки худ роҳбари осорхонаҳои ҷумҳурӣ мебошад, ҷолиб аст: «Боздид аз осорхонаи ғановатманди устоди гиромиқадр, олими барҷастаи халқи сарбаланди тоҷик, мунаққид ва адиби нуктасанҷ Соҳиб Шуҳратиевич Табаров, ки ба ҳазорон – ҳазор аҳли илму адаб, олимон ва фарҳангиён ҳаққи устодӣ доранд (аз ҷумла, ба банда), боиси ифтихори ҳар фарди худшинос аст.
Шахсан аз боздид рӯҳу тавони тоза дарёфтам ва ба устод таҳсину офаринҳо мегӯям. Бо эҳтиром – Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрухи Асрорӣ. 15. 08. 2013».
Хулоса, «Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров»:
1.Барои омӯхтани ақидаҳои адабӣ-эстетикӣ ва фаъолияти илмию танқидии устод Табаров шароити мусоид фароҳам меоварад; 2. Барои тадқиқоти илмӣ дар шароити деҳот имконияти хуб ба вуҷуд меоварад; 3. Ба оммаи хонандагони ноҳия дар дастрас намудани адабиёти бадеӣ ёрӣ мерасонад; 4. Дар ноҳияи Муъминобод чун маркази чорабиниҳои фарҳангӣ-маишӣ хизмат мекунад.

пешина
аз 148
навбатӣ