Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

хотира 6 феврали соли 1969, аз ҷумла, чунин қайд кардааст:
«Нависандаи маъруф Сотим Улуғзода бо дасти студенти чустие «Восеъ»-ашро ба банда фиристод. Миннатдорам».
Маълум мешавад, ки романи «Восеъ» 4 феврали соли 1969 бо соядасти зерин ба С.Табаров расонда мешавад: «Ба дӯсти донишмандам Соҳиб Шуҳратиевич Табаров бо эҳтиром тақдим менамоям. Имзо. 4 февр. С. 1969». Ё худ нависанда Фазлиддин Муҳаммадиев «Шаби саввум» ном маҷмуаи хешро бо соядасти зерин ба устод тақдим намудааст: «Ба муаллими азиз Соҳиб Шуҳратиевич бо камоли эҳтиром – ба ёдгор. Ф.Муҳаммадӣ. 25. 5. 78».
Умуман, китобхонаи «Ганҷина…» дар муддати чанд соли мавҷудияти худ аз ҳисоби муаллимону мактаббачагон, аҳолии ноҳияи Муъминобод ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатӣ ва коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб аллакай хонандагони доимии худро пайдо кардааст. Алҳол миқдори хонандагони ин маркази фарҳангӣ ба 3450 кас мерасад. Муносибати ихлосмандони устод Табаров, ки зиёдтар оммаи мардум ва мӯйсафедони диёр мебошанд, ба ин «Ганҷина…» ҷолиби диққат аст.
«Рӯзе дар ҳуҷраи кориам нишаста будам, ки шахсе аз берун садо кард,– нақл мекунад мудири «Ганҷина…» Олимҷон Табаров. – Аз овозаш маълум буд, ки марди пирест. Дарҳол ба пешвозаш баромадам. Мӯйсафеди нуроние дар даромадгоҳи осорхона меистод. Салом додаму ба дарун таклифаш кардам. Мӯйсафед пештар омаду гуфт: «Писарам, аввал ба ман як сател об биёр». Ман ҳайрон шудаму зуд рафта як сатил об овардам. Мӯйсафед дар замини роҳрав нишасту мӯзаҳояшро аз по берун кард ва ҷӯробҳояшро низ кашиду ба шустани пойҳояш сар кард. Оби сатилро пурра сарфи таҳорат намуд. Баъд бо пойи лучу батаҳорат дохили «Ганҷина…» шуд.
Баъд ба китобхона даромада насиҳатомез гуфт: «Писари азизам, кас вақте ба дидани ин ганҷинаи бебаҳо меояд, бояд ҳафт маротиба дасту пойашро шӯяд, бисмиллоҳ гӯяд, Худои бузургро ёд кунад ва баъд қадам пеш гузорад, зеро ин ҷои муқаддас аст. Дар ин ҷо илми домулло Табаров маҳфуз аст, кас бояд ба қадри ин макон бирасад.

пешина
аз 148
навбатӣ