Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зан набошад, хонае обод нест,
Мард бе зан ҳеҷ гаҳ дилшод нест.
Андар анҷоми сухан бар модарон-
Бонувони хушқаду абрӯкамон,
Гӯям ин, ки идатон табрик бод,
Доимо монед хандонрӯву шод!

КИШВАРАМ

Понздаҳсола ҷавонӣ кишварам,
Соҳиби ному нишонӣ кишварам.
Бар ҳама пиру ҷавонон ҷовидон
Модари пайванди ҷонӣ, кишварам.
Модаре, ки меҳри вай гардида ҷо,
То ба мағзу устахонӣ, кишварам.
Ҳамчу номи офтобу моҳтоб
Дар ҷаҳон вирди забонӣ кишварам.
Аз замин бо фаҳми ман ту ҳамдамӣ
Ахтарони осмони кишварам.
Маскани тиллову кони маъдану
Ҷумла ганҷу кони нонӣ кишварам.
Ранги рӯе бар ту додаст он Худо,
Гумбази рӯи ҷаҳонӣ кишварам.

АФСӮСИ ҶАВОНӢ ВА КӮФТИ ПИРӢ

Ҷавонӣ буд, ки ҳофиз шудам ман,
Ба пирӣ сурати оҷиз шудам ман.
Ҷавонӣ буд, ки зӯровар бигаштам,
Ба садҳо кӯҳу калфу ҷар бигаштам.
Ҷавонӣ буд, ман сайёд гаштам,
Зи ғамҳо ғофилу дилшод гаштам.
Шудам пиру кунун лоғар бигаштам,
Ки қомат хам, асо дар бар бигаштам.
Ҷавонӣ буд, пур гапдон бигаштам,
Замони пирӣ бедандон бигаштам.
Ҷавонӣ буд, ки ҳар дам кор кардам,
Заминҳое ба бел шудгор кардам.

пешина
аз 119
навбатӣ