Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Роҳи назму шеър ӯ бикшода буд,
Бас касонеро сабақҳо дода буд.
Дар бари мардон қадам бинҳода буд,
Дӯстон, Мирзои Турсунзода буд.
То даме ки дошт ҷон андар бадан,
Дошт майли хизмати халқу Ватан.
То абад мо ёдбудаш мекунем,
Маззаҳо аз ҳар сурудаш мекунем.
Мустаҷобе то дуои мо шавад,
Ҷо-ш андар ҷаннатулмаъво шавад.

8- МАРТ

Рӯзи иди духтарону хоҳарон
Ҳақ таъоло деҳ ба килки ман забон.
Гуфтаниям ҳамсари бобои мо
Гар намегардид он бибӣ Ҳаво,
Дар ҷаҳон ғулғулаи одам набуд.
Зиннату зебе дар ин олам набуд.
Тухми одам бо ризогии Худо
Зан фаровон сохт дар зери само.
Зан қадамҳои ба файз андохтаст,
Дар ҷаҳон пайғамбароне сохтаст.
Ҳам Муҳаммад Мустафоро сохтаст,
Ҳам Алии Муртазоро сохтаст.
Ҳамзаи соҳибқироне сохтаст,
Авлиёву шоироне сохтаст.
Ҳар ҷавони паҳлавоне сохтаст,
Рустами саддостоне сохтаст.
Ҷанг буд, занро ду чашмам дида буд,
Зидди хасми мулки худ ҷангида буд.
Гар зане зоти мусулмонзода аст,
Рӯи ҷаннат баҳри ӯ бикшода аст.
Нури ҳарду чашми мардон зан бувад,
Рашки гулҳои гулистон зан бувад.
Хонаро шамъи шабистон ҳаст зан.
Шамъи маҳфилгоҳи шоҳон ҳаст зан.
Дар ҷаҳон як моҳи тобон ҳаст зан,
Баҳри мардак ҳамчу як ҷон ҳаст зан.

пешина
аз 119
навбатӣ