Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қадри симу зар шуда боло зи қадри одамӣ,
Эътиқоду меҳр байни акаву додар намонд.
Сарваре қаллоб шуд, афзун хиёнат карда буд,
Номи некӯ баъди сар аз он хиёнатгар намонд.
Кард ҷонбозӣ, ҷаҳонро гарчи Искандар гирифт,
Ту нигар, ҷовид ин дунё ба Искандар намонд.
Карда буд зӯровариҳо Рустами сардостон,
Лек аз чанги аҷал он марди зӯровар намонд.
Бо мисоландӣ аҷал дигар ягон пурзӯр нест,
Зинда аз чангаш ба дунё зӯру пайғамбар намонд.
Заҳмати дунё кашад рӯзу шабон Қурбоналӣ,
Аз сиёҳӣ бар сараш як тори мӯи сар намонд.

МЕҲРАТ БА ҚАЛБУ ҶОН

Эй сарвари гапдони мо-
Эмомалӣ Раҳмони мо,
Бунёд кардӣ марқаде
Бар Ҳазрати Султони мо.

Дидем аз ту раҳбарӣ,
Шоҳи сағирапарварӣ.
Пайваста бошад ҷовидон
Меҳрат ба қалбу ҷони мо.

Созад Худоё дар барат
Он Хизри зинда раҳбарат,
Хирман пури хирман шавад
Пошидагӣ як дони мо.

Қаллобҳо чун кӯр шуд,
Дуздони афзун дур шуд.
Кӯлоб нав пурнур шуд,
Чун чеҳраи хандони мо.

Шуд марқаде бино зи нав,
Бар пири мӯъминҳо зи нав.
Аз ту бувад рози руҳи
Амири Ҳамадони мо.

пешина
аз 119
навбатӣ