Фурӯғи пирӣ

Нони қоқ асту фақат чойники чой дар хони ӯ,
Дар лаби хонаш нишони шарбатеву қанд нест.
Баччаеро дидаам зоти мунофиқзодае,
Баҳри модар ҳам падар гӯё, ки ӯ фарзанд нест.
Дар дӯкон баъзе мусулмон мол савдо мекунад,
Лек савдояш нигар, ки бефиребу фанд нест.
Ҳаст як дунёталаб, аз марги ҷонаш бехабар,
Ончунон бойе, ки дар дунё саховатманд нест.
Бо чунин нолоиқон донед, ки Қурбоналӣ
То ки ҷон дорад ба тан, меҳри дилаш пайванд аст.
ШАЙТОНАКЕ
Дидаам андар таги долонаке
Духтаре шӯху садафдандонаке.
Аз парӣ ӯ кам набошад лек боз
Мекашад ӯ сурма бар миҷгонаке.
Қоматаш сарви равону рӯву лаб
Ҳаст мисли ғунчаи хандонаке.
Роҳ гардад, менамояд қоматаш
Сурати як химчаи ларзонаке.
Дар сухангӯӣ аҷаб доност ӯ,
Ҳаст чун як тӯтии гапдонаке.
Ҳавлиро дидам, ки дорад рӯбучин,
Тозакор асту аҷаб чаққонаке.
Дида гӯӣ, -дар барам ояд агар,-
Мешавад бар ҷонакам як ҷонаке.
Дилбар асту мисли лӯлӣ дилфиреб,
Нест мислаш дар ҷаҳон шайтонаке.
ЗӮРОВАР НАМОНД
Моли мулки Чин фузун шуд, ҳоҷати дигар намонд,
Дар диёри тоҷикон устову оҳангар намонд.
Барқу ангишту газашро назр бар бегона дод,
Захм нодида ба кӯҳсораш дарахти тар намонд.
Аз хиёнатҳои баъзе мардуми ваъдахилоф
Дар миёни одамон бар одамӣ бовар намонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё