Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТАНҲОСТ ҶОЯМ

Агар чун мискине ё марди боям,
Агар ё баста дар банди ҷафоям,
Ризогии Худо ҳар чи ки бошад,
Мани мискин ба фармонаш ризоям.
Ба ҳар ҷое, ки бошам, ҳаст баста
Таноби марг андар дасту поям.
Агар сад сол бинам умр охир,
Аз аҳли байту худ охир ҷудоям.
Дареғ аз зиндагониҳо, ки охир
Фалак рӯзе бисозад бенавоям.
Дареғ, аз дӯстон гашта ҷудову
Ба гӯре як сари танҳост ҷоям.
Дар анҷоми сурудам бар шумо ман
Гиреҳи қалби худро мекушоям:-
Муродам ин, ки бинам дар қиёмат
Ҷамоли ҳам Худо, ҳам Мустафоям.

УММАТИ ПАЙҒАМБАР АСТ

Гарчи одам соҳиби не бол ҳасту не пар аст,
Дар тамоми кори олам лек ӯ фатҳовар аст.
Мискине қалби кушода дорад аз баҳри сахо,
Сад маротиб ӯ зи бойи мумсике болотар аст.
Кӯрро мардум ҳамегӯяд, ки душман бар худост,
Лек ман гӯям, гунаҳкори асосӣ ин кар аст.
Шавҳараш ранҷида бошад, зан ба дӯзах меравад,
Ҷаннати зан ту бидон, дар зери пои шавҳар аст.
Мард агар зан дораду рафта зинокорӣ кунад,
Рӯсиёҳе гашта дар дунёи рӯзи маҳшар аст.
Ду малоик дар ду китфи банда доим маҳкам аст,
Ҳар гуноҳи кардааш бинвишта рӯи дафтар аст.
Мард агар бо зан кунад ҷангу ҷидоли бегумон,
Мард не, бераҳм ӯ, аз золимон золимтар аст.
Дар бари ҷумла дарахтони базеби кишварам
Қад ба боло чун алиф зебо дарахти ар-ар аст.
Гар нависад таърихи рӯи ҷаҳонро ҳар адиб,
Ҳеҷ як дафтар намемонад, ҷаҳони бебар аст.

пешина
аз 119
навбатӣ