Фурӯғи пирӣ

Аз ранҷҳои дунё
Шуд пир модари ман,
Ҳайфо, ки рафт аз даҳр.
Он давлати сари ман.
Монанди модари ҷон
Ман ҳам чу пир гаштам,
Дар пеши нокасу кас
Хору заҳир гаштам.
Сад бор шукр гӯям-
Ҳаштодсола гаштам,
Чу кӯҳи кандагие
Аз тори ёла гаштам.
Аз рӯи пирсолӣ
Қувват тамом кам шуд,
Бигзашт хуррамиву
Навбат ба дарду ғам шуд.
Мурғе ба ман бигуфто
Бо ҳар нафас кашидан:
Қурбоналӣ, бикун шукр
То бар қазо расидан.
ДАНҒАРА
Баски дорад сарзамини зарнисоре Данғара,
Мешавад бисёр ҷояш пахтазори Данғара.
Ҳаст рӯди Вахш, ки ҷорӣ ба сӯи Данғара,
Мешавад мисли гулистон рангу рӯи Данғара.
Мешавад як шаҳри зебои калоне Данғара,
Маскани сайри ҳазорон одамоне Данғара.
Мешавад аз кори одамзод ҷое Данғара
Як диёри дилкушову дилрабое Данғара.
Бахт механдад ба рӯи мардумони Данғара,
Файз резад бар замин аз осмони Данғара.
То ҷаҳон бошад ба ҳар як хонадони Данғара
Кам намегардад зи хонҳо обу нони Данғара.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё