Таронаҳои дарё

КӮҲИ ПОБАРҶОСТ ИСТИҚЛОЛИ МО
Ваҳ, чӣ хуш зебост, Истиқлоли мо,
Чун гули раъност, Истиқлоли мо.
Ман ба ҳифзаш ҷони худ созам нисор,
Аз ҳама болост Истиқлоли мо.
Дил ба васфи ӯ ҳамегӯяд сухан,
Сайқали дилҳост Истиқлоли мо
Фаҳр дорам аз чунин иқболи хуш,
Раҳбари фардост Истиқлоли мо.
Навшукуфта ғунчаҳо гул мекунанд,
То чаманпирост Истиқлоли мо.
Неъмати волотарини халқи мо,
Дар ҷаҳон яктост Истиқлоли мо.
Лаълу марҷонро набошад қиммате,
Гавҳари дарёст Истиқлоли мо.
Меҳри ӯ чун меҳри меҳан дар дилам
Дар ниҳоди мост ҷост Истиқлоли мо.
Ҳеҷ гаҳ дигар намеёбад завол,
Кӯҳи побарҷост Истқлоли мо.
БАЙТИ АБРУЯТ
Ҳар замон хонда байти абруят,
Мезанад бол мурғи илҳомам.
Даст нобурда ман ба дасти ту,
Дар ҳама рӯи даҳр бадномам,
Қиссаҳое ба мӯйи ту бофам,
Тора-тора ба дафтари умрам,
Шодии ман зи дидани рӯят,
Дарди дилро диҳӣ даво ҳар дам,
Бин хаёлоти ман парешон аст,
Мисли он тораҳои зулфонат,
Аз бари кӯҳ чинда дастагуле,
Ораму резамаш ба домонат,
Хоб бар чашми ман намеояд,
Бо хаёли ту шаб саҳар гардид.
Оҳу во гуфта нола мекардам,
Ғайри ман нолаам касе нашунид,
Интизорам, ки ту шабе оӣ,
Ба ту афсонаҳои худ гӯям,
Зулфи шӯҳат гирифта бар кафи даст,
Чун гули шом нармакак бӯям,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё