Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТОҶИКИСТОН

Бӯи гул меояд аз гулзори ту,
Бар машомам аз баҳорат, эй Ватан.
Ҳастии ту ҳастии ман будааст,
Тоҷикистон, аз туям ман, ту зи ман.

Лола хезад аз сари ҳар санги ту,
Ранги гул бигрифта боғи нанги ту,
Бишнавам аз ҳар тараф оҳанги ту,
Тоҷикистон, аз туям ман, ту зи ман.

Риштаи ҷонам бувад пайванди ту,
Ҳар куҷо бошам хаёлам банди ту,
Камтаринам, камтарин фарзанди ту,
Тоҷикистон аз туям ман, ту зи ман.

Бо баҳори гулфишонат ошиқам,
Ман ба он гулдухтаронат ошиқам,
Тоҷикистон, аз туям ман, ту зи ман.
Бо хурӯши рӯдҳоят зиндаам,

ШИРИНИ МО АЗ ДАҲР РАФТ

Эй дареғо, аз ҷаҳон як шоири фарзона рафт,
Мард буду бо ҳама мардонагӣ мардона рафт,

Аз баландиии Бадахшон ӯ ба олам шеър гуфт,
Шоири ширинсухан бо ҳикмати дурдона рафт.

Монд аз ӯ ёдгоре боғи сарсабзи адаб,
Масти шеъру шоирӣ Ширини мо мастона рафт,

Мо ҳама, шогирдҳои ӯ, давоми умри ӯ,
Во дареғо, во дареғ устоди мо аз хона рафт.

Шоҳи Тирандоз шуд андар фиғон аз марги ӯ,
Нолае дардода гуфто: Оқили фарзона рафт.

Қуллаи Зартеғ хун гиряд зи марги шоираш,
Ашкрезон гӯяд, оре, шоири якдона рафт.

Нолаҳоям дар гулӯ печидаанд аз марги ӯ,
Ташнагони шеър монду ӯ аз ин кошона рафт.

Бар сари мо соябоне буд монанди падар,
Кард ӯ моро ятиму ҷониби ҷонона рафт.

Ин Шарифӣ нола дорад чун падаргумкардаҳо,
Нолаю афғонкунон рӯ ҷониби ғамхона рафт.

пешина
аз 39
навбатӣ