Таронаҳои дарё

БИГӮ ПАЙҒОМАМ
Ай кабӯтар, ту ба он ёр бигӯ пайғомам,
Ки ба он ҳалқаи зулфони ту ман дар домам.
Ту ҳамонӣ, ки ба коми дигарон шаҳди ту буд,
Мани бечора зи ту дур, вале бадномам.
Дурии васли кардаст моро хуки ҷигар,
Бурдаӣ аз дили ман сабру ҳама оромам.
Майи васли ту маро сархушу сармаст накард,
Зуд о дар бараму рез мае бар ҷомам.
Рафтию баъди ту дар синаи ман ишқ бимурд,
Бин, сари раъша бувад ҷумлагии андомам.
Ошиқон дар бари маъшуқаи худ ноз кунанд,
Мани бечора пайи ишқи тую нокомам.
Бол афшонда биё бар чамани манзили ман,
Чун кабӯтар бинишин лаҳзаяке бар бомам.
Ваҳ, чӣ бемеҳру вафо будаӣ ту, донистам,
Магар аз лавҳи дили хеш бишустӣ номам
Шуд Шарифӣ зи ғамат зору ҳақиру хаста.
Худ надонам чӣ шавад ҳоли ману фарҷомам.
ЭЙ ЛОЛАИ КӮҲИСТОН
(Барои бонуи хушсалиқа Лола Назархудоева)
Хушрангию хушбӯӣ,
Дилдодаю дилҷӯӣ,
Гӯям, ки ту маҳрӯӣ,
Эй лолаи кӯҳистон,
Бишкуфтаю хандонӣ,
Бар дард ту дармонӣ,
Пайдоиву пинҳонӣ,
Эй лолаи кӯҳистон.
Дар дашту даман рӯйӣ,
Оваҳ ту чи хушрӯӣ,
Миноиву минӯӣ,
Эй лолаи кӯҳистон.
Зебандаи кӯҳсорӣ,
Ту ҳокими гулзорӣ,
Ту дилбару дилдорӣ.
Эй лолаи кӯҳистон.
Дар дашт ба ҷавлонӣ,
Ту лолаи армонӣ,
Равшангари бӯстонӣ,
Эй лолаи кӯҳистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё