Таронаҳои дарё

БАҲОРЕ БУД
Бигзашта шуд ҷавонӣ аз худ хабар надорам,
Бар олами ҷавонӣ роҳи гузар надорам.
Монанди оби дарё андар шитоб умр аст.
Ғайр аз ғами замона кори дигар надорам.
Ман рози дил бигӯям бо нозанини Ғорон,
Ҷуз меҳри ӯ ба олам меҳри дигар надорам.
Номардии ду-се тан афсурдаам намудаст,
Ҷуз макру доми инон савдои сар надорам,
Маҳбубаи дили ман бошад нигори Ғорон,
Ҷуз бар ҷамоли он ёр бар кас назар надорам.
ҒАМ МАХӮР
Рӯзгори нав биёяд, ёри ҷонӣ, ғам махӯр,
Зиндагӣ пурпечутоб, аз зиндагонӣ ғам махӯр.
Хуш нишин андари лаб ҷӯ булбулонро гӯш деҳ,
Андалебони чаман дар нағмахонӣ, ғам махӯр.
Дар хазон чун гул бихушкад тангдил ҳаргиз машав,
Мешавад гул дар баҳорон арғувонӣ ғам махӯр,
Умр ҳамчун оби дарё дар шитобу дар шитоб,
Шод бошу шодмон зӣ, дар ҷавонӣ ғам махӯр.
Тангдил ҳаргиз машав аз ҳар чӣ ояд бар сарат,
Бигзарад неку баду ҳам нотавонӣ, ғам махӯр.
Тирагиҳои замон бигзашту омад рӯзи нав,
Шукри ин сулҳу амонӣ, ёри ҷонӣ, ғам махӯр.
Гуфта будӣ барфу борон ларза дар ҷонам ниҳад,
Мерасад фасли гулу ҳам гулфишонӣ, ғам махӯр,
Гардиши ин чархи гардун нотавонат кардааст,
Боз ёбӣ ишрату ҳам комронӣ ғам махӯр
Ғам махӯр з-он ки т уро як-ду ҳасуде бад бигуфт,
Эй Шарифӣ дар канори дӯстонӣ, ғам махӯр.
Гар ту касро дӯст дорӣ, дӯст медорад туро,
Хушсухангӯ бошу мекун хушзабонӣ, ғам махӯр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё