Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР ИН ДУНЁ

Дар ин дунё дили дарё надорам,
Дар ин савдо, сари савдо надорам.

Матои ишқи мо афсурда гардид,
Дареғо ки дигар коло надорам.

Гули уммед дар боғам хазон шуд,
Ба боғи дил дигар гулҳо надорам.

На аз кас бим дорам, на ҳаросе,
Дигар бо кас сари ғавғо надорам.

Манам дилбанди кӯҳистони хешам,
Ки майли рафтани ҳар ҷо надорам.

Ҳама дунёи ман дунёи ишқ аст,
Дар ин дунё дигар дунё надорам

Ба ҷонам дӯст дорам Тоҷикистон,
Ба мислаш кишвари воло надорам.

Ҳамефахрам дар олам бо Ватан ман,
Ватан дорам, дигар парво надорам.

Агар афтам ҷудо дур аз Ватан ман,
Чу кӯрон дидаи бино надорам.

Барои ту, аё шаҳнозаи ҳусн,
Ба ҷуз ишқам дигар савғо надорам.

Туӣ пайванди ҷонам, духти Ғорон,
Магӯ ки ошиқи шайдо надорам.

Туӣ ғамхору ғампарвар бароям,
Ғами имрӯзу фардоро надорам,

Шарифӣ, дар Ватан ман хок гардам,
Ба ҷуз хоки Ватан маъво надорам.

пешина
аз 39
навбатӣ