Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РАҲПОӢ

Эй гули ёсумани саҳроӣ,
Ту куҷоӣ, ки суроғам оӣ?
Ё ки чун накҳати санҷид ба дара,
Ба димоғам, ба димоғам оӣ!

Накҳати рӯи туро меҷӯям,
Зулфи ҷодуи туро меҷӯям.
Бо дили ташнаи саршори ҳавас,
Рози дилҷӯи туро меҷӯям.

То кай овоз кунӣ бар гӯшам?
То ба кай пеши ту ман хомӯшам?
Гули васли ману ту дер шукуфт,
Кай зи гул пур шавад ин оғӯшам?

Мани дилбаста ба уммеди висол,
Ба сафову рухи хуршеди висол.
Шиканам хилвати шабро ба хаёл,
Ба муроде, ки расад иди висол,

Нак биё, дар қадамат зор шудам,
Боварам кун, ки дилафгор шудам.
Кай расад соати пайванди висол,
Бе ту ман хор шудам, хор шудам.
ЯК ТУ МЕДОНӢ…

Гавҳари ишқи ту пайдо мекунам,
Ҷони худ дар ишқ шайдо мекунам.
Он таббасумҳои ҷонбахши туро
Дар дили шӯридаам ҷо мекунам.

Ҳайфи он умре, ки бе ту бурдаам,
Сад дареғи ғам, ки бе ту хӯрдаам.
Як ту медонӣ дили садпораам,
Як ту медонӣ дили озурдаам.

Эй ту кабки дар қафас хомӯши ман,
Бурдаӣ валлоҳ ту ақлу ҳуши ман.
Заҳр бодо бе ту айшу нӯши ман,
Як нигоҳат пур кунад оғӯши ман.

Чашмаи саршори илҳоми манӣ,
Бодаи мардафкани ҷоми манӣ.
Себаки ширинаку хоми манӣ,
Аввалу охир, саранҷоми манӣ.

Дар хаёли ишқи ту дунё шудам.
Навшиновар моҳии дарё шудам.
Гунг будам, аз дигар гӯё шудам,
Мурда будам ман, зи нав эҳё шудам.

пешина
аз 51
навбатӣ