Сафои дил

ГУЛИ ОРЗУ
Гул ҳамекорам, гули рӯи ту то эҳё шавад,
Бори дигар то дилам бар ҳусни ту шайдо шавад.
Хор гаштам бе ту, то аз ман канор афтодаӣ,
Кош рӯзе дар дилат меҳри саодат ҷо шавад.
Сӯи ту раҳ мебарам дар водии ҳайрат ба ғам,
Ошиқи кӯи ҳақиқат бесару бе по шавад
Дар муҳаббат нест ҷои мову ман, то бингарӣ,
Мо шавад ман аз навое, ман ба ҳикмат мо шавад.
Ҳар кӣ дар кӯи ту муштоқи ҷамоли дилбарист,
Оқибат саргаштае бо оҳу вовайло шавад.
То Зиё аз ишқ менолад, биёрад рӯ ба сабр,
Баски ҳар девонаро аз ишқ ғам эҳдо шавад.
МАНУ ДИЛ
Дилам нолон бувад чун боди шабгир,
Ману дил бандаҳои банди тақдир.
Куҷо ҷои гурез аз роҳи қисмат,
Зи ҳоли якдигар гаштем дилгир.
Ҳама иншои дил пур аз хато буд,
Забони дил бибояд кард таҳрир.
Ман аз ин сарнавишти дил чӣ нолам?
Худо дида раво ин гуна тағйир.
Ба ҷуз шеърам дигар дилсӯзи дил нест,
Бароям ӯст ҳам тадбири таъбир.
Дилам рӯзе битаркад чун аноре,
Битаркад, сар равад чун косаи шир.
Дилам дар маҳзари Ҳақ ҷой дорад,
Муҳофиз бар тану ҷон асту тадбир.
Агар рӯзе маро ӯ тарк гӯяд,
Зи Наққошам бипурс ин кори тақсир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё